Cанаи 01-02-ми декабри соли љорї, тариќи онлайн (барномаи zoom) Конференсияи Кумитаи иттифоќи касабаи маорифи Аврупо дар соли 2020 баргузор гардид.
Конфронси Кумитаи иттифоќи касабаи маорифи Аврупо ҳар чор сол на кам аз я маротиба даъват карда шуда, фаъолияти КИКМА-ро дар 4 соли охир, баррасї ва пеншињоди барномаи фаъолияти КИКМА барои чор соли оянда, ҳисоботи фаъолияти кумита, ҳисоботи молиявӣ ва тасдиќи буҷа, тасдиќи фоизи аъзоњаќии ташкилотњои њамузв, интихоботи президенти Кумитаи иттифоќи касабаи маорифи Аврупо ва муовинони он, интихоби аъзои кумитаи ва дигар масъалањо мавриди муњокима ќарор дода мешаванд. Дар умум Конфронси мазкур, мақоми тасмимгирандаи КИКМА буда, ба намояндагони тамоми ташкилотњои њамузв, яъне 127 иттифоқҳои касабаи соҳаи маориф дар 51 давлатои Аврупову Осиё имконият фароҳам меорад, ки риштаи ҳамбастагии соњаи маориф, омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро тақвият диҳанд.
Мутаасифона, бо сабаби пањнгардии вируси сироятї COVID-19, мављуд будани мањдудият дар хатсайрњо ва як ќатор дигар омилњо, конфронс дар шакли онлайн гузаронида шуда, танњо масъалаҳои муњим, таъхирнопазир баррасї гариданд.
Собиќ Президенти КИКМА, Кристина Блюер, «Конфронси КИКМА дар соли 2020»-ро ифтитоҳ намуда, ќайд кард, ки дар њаќиќат соли 2020 бенињоят соли мушкил, мањз бо сабаби бемории COVID-19 буда, ба соњаи маорифи њама давлатњои љањон зарари худро расонид. Бори аввал дар таърихи КИКМА, конфронси мазкур тариќи онлайн баргузор мегардад.
Котиби генерал Маорифи байналмилатї (Education International) Дэвид Эдвардс, дар сухани ифтитоҳияш таъкид кард, ки демократия, њамраї ва ҳамбастагӣ муҳимтарин арзишест, ки ҳангоми пандемияи глобалӣ бояд дар назар дошт. Суханронии ӯро, паёми аудиоӣ аз ҷониби Комиссари Аврупо оид ба инноватсия, тадқиқот, фарҳанг, маориф ва ҷавонони Комиссияи Аврупо, Мария Габриэлл идома дода, ќайд намуд, ки кори омӯзгорон дар Аврупо беандоза муҳим ва арзишнок аст. Њамзамон ў оид ба устувории устодон дар давраи бӯҳрони кунунӣ ишора намуда, ќайд кард, ки омӯзгорон бояд қадрдонӣ ва дастгирӣ карда шаванд.
Директори КИКМА Сюзан Флокен, њисоботи фаъолияти КИКМА дар солњои 2016-2020 пешниҳод намуда, ќайд кард, ки соли 2020 нишон дод, ки муколамаи иҷтимоӣ ва иштироки пурраи иттифоқҳои касаба дар таъмини инфрасохтори зарурӣ, консепсияҳои ҳифзи саломатӣ, њимояи аъзоён ва таъмини бехатарӣ то чӣ андоза муҳим аст. Мо бояд тамоми кўшиши худро бањри иштироки фаъол дар самтњои номбаршуда ва баланд бардоштани мақоми касби омӯзгорӣ ва эътирофи нақши омўзгор дар љомеаи муосир ба харљ барем. Дар хотима, Сюзан Флокен ќайд намуд, ки бо камоли қаноатмандӣ мегӯям, ки КИКМА бидуни ташкилотњои њмузви худ наметавонист он чиро, ки имрӯз ба даст овардааст, ба даст орад.
Дар љарраёни конфронс, масълаи таъсиррасонии шароити кунунии пандемияи COVID-19, алалхусус суст шудани механизмҳои муколамаи иҷтимоӣ дар бисёр кишварҳо, набудани сармоягузории давлатӣ ба соҳаи маориф, омода набудани аксари давлатњо ба тањсилоти фосилавї мавриди баррасї ќарор гирифт.
Дар конфронс масъалањои зерин тибќи барнома барраси карда шуданд:
-ќабули барномаи Кумитаи иттифоќи касабаи маорифи Аврупо барои солњои 2021-2024;
-ҳисобот оид ба аъзогї, пардохти ҳаққи аъзогӣ;
-тасдиќи буҷаи КИКМА барои солҳои 2021-2024;
– муҳокимаи барқарорсозии соҳаи маориф пас аз пандемия;
– мушкилотњо ва маблағгузории соҳаи маориф;
-навсозї дар иттифоқҳои касаба;
-баланд бардоштани маќоми омўзгор, таъмини шароити хуби корї;
– дастгирии иттифоқҳои касаба дар раванди муколамаи фаъоли иҷтимоӣ;
Инчунин ҷараёни интихоботи роҳбарият ва аъзои Кумитаи нав баргузор гардид. Намояндаи Шотландия, Ларри Фланаган ба вазифаи президенти КИКМА барои чор соли оянда интихоб гардида, ў барои эътимод изҳори миннатдорӣ намуда, изҳори омодагӣ кард.