Дар толори меҳмонхонаи «Соҳили Сурхоб» воқеъ дар шаҳраки Ғарм дар доираи лоиҳаи консортсиум бо мусоидаи Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Аврупо, Иттифоқи касабаи омӯзгорони Шветсия ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ барои фаъолони иттифоқи касабаи соҳаи маорифи ноҳияҳои Рашт, Лахш, Нурободу Тоҷикобод оғоз гардид, ки рӯзҳои 18-20 ноябр идома меёбад. Дар семинари омӯзиши масъалаҳои ба роҳ мондани гуфтушуниди коллективӣ, гуфтушуниди дуҷониба ва сеҷониба, бастани созишномаи соҳавӣ ва шартномаҳои коллективӣ, ҳуҷҷатнигорӣ дар иттифоқи касаба, таҳлил ва баррасии мушкилотҳои мавҷуа дар сатҳи зарурӣ, таҳлил ва муайян кардани мушкилот ва роҳҳои ҳали он, таҳияи нақшаи чорабиниҳо дар сатҳи дахлдор, тарзи таҳлил, татбиқ ва мониторинги нақшачорабиниҳои таҳиягардида, банақшагирии фаъолият дар сатҳи минтақавӣ, шаҳр ноҳия ва муассиса ва дигар масъалаҳои марбут ба иттифоқи касабаи соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор мешавад. Ҳамчунин дар љараёни семинари омӯзишӣ фаъолони иттифоқи касабаи соҳаи маорифи ноҳияҳои Рашт, Лахш, Нурободу Тоҷикобод бо намояндагони Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Аврупо, Иттифоқи касабаи омӯзгорони Шветсия суҳбати онлайнӣ доир менамоянд.