Санаи 11.11.2020 дар шаҳри Гулистон дар доираи лоиҳаи консортсиум бо мусоидаи Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Аврупо, Иттифоқи касабаи омӯзгорони Шветсия ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолони иттифоқи касаба семинари омӯзишӣ доир гардид. Семинари мазкур давоми се рӯз роҳандозӣ гардида, дар он масъалаҳои ба роҳ мондани гуфтушуниди коллективӣ, гуфтушуниди дуҷониба ва сеҷониба, бастани созишномаи соҳавӣ ва шартномаҳои коллективӣ, ҳуҷҷатнигорӣ дар иттифоқи касаба, таҳлил ва баррасии мушкилотҳои мавҷуа дар сатҳи зарурӣ, таҳлил ва муайян кардани мушкилот ва роҳҳои ҳали он, таҳияи нақшаи чорабиниҳо дар сатҳи дахлдор, тарзи таҳлил, татбиқ ва мониторинги нақшачорабиниҳои таҳиягардида, банақшагирии фаъолият дар сатҳи минтақавӣ, шаҳр ноҳия ва муассиса ва дигар масъалаҳои марбут ба иттифоқи касабаи сҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Семинари мазкурро Нозакова З.-мудири шуъбаи робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ, Қурбонов М.-мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ, Раҳимов Қ.- сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузорӣ ба фаъолони иттифоқи касаба роҳандозӣ менамоянд.