Бахшида ба Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ Имрӯз аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят ба Мактаб – интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд лавозимоти хониш, маҳлулҳои антисептикӣ, ниқобҳои тиббӣ ва китобҳои баччагона тақдим карда шуданд.
Дар вохӯрӣ Мӯсобек Мироватов – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят ҳамаи омӯзгорону
тарбиятгирандагонро бо «Рӯзи амалиёти иттифоқҳои касаба барои сулҳ», ки ҳамасола 1 сентябр ҷашн гирифта мешавад муборакбод намуд. Қайд гардид, ки кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд, зери ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон қарор доранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бо хислати наҷибу нодири раъиятпарварии хеш дар фикри беҳбудии шароити зиндагии мардуми эҳтиёҷманд, ятимон, барҷомондагон ва шахсони бесарабону камбизоат мебошанд, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кардан ба ин табақаи ниёзмандро аз аҳли ҷомеа борҳо талаб менамоянд.
Ҳамзамон Муроҷиатномаи вакилони Анҷумани ХХII Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро, ки санаи 27 август ба роҳбарони ташкилот, мақомоти иттифоқҳои касаба ва аъзои он қабул гардидааст ба самъи ҳозирин расонид.
Дар охири вохӯрӣ ба чанде аз омӯзгорони фаъол Ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ ва ба 2 нафар собиқадорон роҳхат ба осоишгоҳ тақдим карда шуд.