Ҳамасола дар доираи нақша чорабиниҳои Иттиҳоди байналмилалии иттифоқи касабаи
кормандони маориф ва илм Анҷумани иттиҳод дар яке аз кишварҳои узв доир мегардад. Ҳадаф аз
баргузории анҷуманҳо баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқи кормандон, таъмини музди меҳнат, истироҳат ва
баҳамоиву дӯстии кишварҳои узв мебошад. Дар Анҷумани VI–уми иттиҳоди байналмилалии иттифоқи
касабаи кормандони маориф ва илм, ки ҳафтаи равон дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, намояндагони
кишварҳои Озорбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон
иштирок намуданд.
Анҷуман дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар саҳни Китобхонаи миллӣ
меҳмононро гурӯҳи рақсии кӯдакона бо рақси дилошуби хеш пешвоз гирфта, дар дохили ин маъхази
илму ирфон ҳунармандон нақшҳои устод С. Айнӣ ва М. Турсунзодаро бозида, аз асолат, таърих ва
фарҳанги меҳмондории тоҷикон сухан ва шеърҳо ироа намуданд. Намоиши ҳунарҳои дастии мардумӣ ва
нону меваҷоти Тоҷикистон барои меҳмонон хеле хушоянд ва ҳайратангез буд.
Дар Анҷумани VI – уми иттиҳоди байналмилалии иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм
муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикисон Ф. Усмонзода, муовини раиси Федератсияи
иттифоқҳои касаба И.Файзизода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии
Тоҷикистон Р. Одиназода ва ҳайати 21-нафараи аъзои иттиҳоди байналмилалии иттифоқи касабаи
кормандони маориф ва илм иштирок намуданд. Дар оғози ҷаласа Ф. Усмонзода – муовини вазири маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикисон меҳмононро шодбош гуфта, баргузории ин ҷаласаро барои тамоми
кормандони соҳа судманд арзёбӣ кард ва барои идомаи анҷуман ба иштирокдорон бурдборӣ таманно
намуд. Инчунин, И.Файзизода-муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касаба сухан ронда, номаи
шодбошии Федератсияи иттифоқҳои касабаро ба баргузоркунандагони анҷуман тақдим кард.
Анҷуманро Меркулова Галина Ивановна-раиси Иттиҳоди байналмилалии иттифоқи касабаи
кормандони маориф ва илм шурӯъ намуд. Сипас Виноградов Сергей Василиевич-раиси Кумитаи аудити
иттиҳоди байналмилалии иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм доир ба маблағгузорӣ ва
таъмини он ба кормандони иттифоқи касаба маърӯза намуд. Дар идомаи кори ҷаласа, инчунин, М. Т.
Амантаева-раиси Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон,
А.Т.Токтогулов-раиси Кумитаи марказии иттифоқи касаби кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии
Қирғизистон, М. З. Молдабеков-раиси Иттифоқи касабаи филиалҳои кормандони илм, ташкилотҳои
инноватсионӣ ва таълимии Ҷумҳурии Қирғизистон маърӯза карда, фикру андешаҳои хешро доир ба
масъалаҳои баррасишаванда иброз намуданд. Баъди шунидани маърӯза ва баёни ақидаҳо Меркулова
Галина Ивановна-раиси Иттиҳоди байналмилалии иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм доир ба
фаъолияти кории иттиҳод дар давоми панҷ соли охир ҳисобот дода, ба фаъолияти иттифоқи касабаи
кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин назари андеша намуд: «Дар солҳои охир бо
мақсади рушди минбаъдаи соҳа, ташаккули самти иҷтимоии худ ва таҳкими ҳифзи манфиатҳои
иҷтимоиву иқтисодии коргарон, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
бо Вазорати маориф ва илм ду созишномаи соҳавӣ ба анҷом расонид. Ин иқдом, бешубҳа, таъсири мусбӣ
барои инкишофи тамоюлҳо ба монанди таҳсилот дар хориҷи кишвар, дастрасӣ ба таҳсилот, боло бурдани
сифати таҳсилот, рақобатпазирии захираҳои инсонӣ расонид. Илова бар ин, аз 1 сентябри соли ҷорӣ
музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ва илм ва стипендияҳои донишҷӯён 15 фоиз афзуд».
Дар Анҷумани VI – уми иттиҳоди байналмилалии иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм
тавассути овоздиҳии озод аъзоён раиси Иттиҳоди байналмилалии иттифоқи касабаи кормандони маориф
ва илм Г. И. Меркулова ва муовини раиси Иттиҳоди байналмилалии иттифоқи касабаи кормандони
маориф ва илм Г. Г. Нагиевро барои панҷ соли оянда (2018-2023) интихоб намуданд. Дар фарҷом ба К. Т.
Назарбеков-корманди иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон
Ҷоизаи Иттиҳод ва ба раиси иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.
Одиназода барои истиқлболи самимӣ ва баргузории анҷуман дар сатҳи олӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим
карда шуд. Инчунин, аз ҷониби иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба
меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Аксбардории хотимавии иштирокдорон дар дохил ва
саҳни Китобхонаи миллӣ ба ин чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.
Бояд қайд кард, ки тибқи барномаи кори анҷуман меҳмонон давоми ду рӯз-рӯзҳои 14-15-уми
сентябр аз мавзеъҳои таърихӣ ва гӯшаҳои зебоманзари диёр дидан мекунанд.
Саймуҳаммади Изатулло – корманди Маркази
матбуоти Вазоратимаориф ва илм