Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Иди саиди Фитр табрику муборакбод намуда, барояшон саломативу сарбаландӣ ва саодати зиндагиро таманно менамоям.
Шоистаи зикр аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мардуми кишвар дар қатори кулли мусулмонони ҷаҳон Иди саиди Фитрро ба таври шоиста ҷашн мегиранд.
Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати моҳи шарифи Рамазон, барҳақ, зикр намудаанд: «Рамазон моҳи сабру таҳаммул ва айёми кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд буда, ба инсон устувориву пойдорӣ ва парҳезкориву қаноатро меомўзад, имонашро комил, иродаашро қавӣ мегардонад. Ин моҳи шариф дар қалби одамон фурўтаниву хоксорӣ ва сабру таҳаммулро ҷой намуда, вуҷуди инсонро ба назаргоҳи ҳусни адабу шукрона табдил медиҳад».
Бо ифтихор изҳор менамоем, ки кормандони соҳаи маориф ва илм чун тамоми сокинони кишвари соҳибистиқлоламон дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу Ваҳдат, ризоияти миллӣ, пешрафти иқтисодиёт, фарҳанг, такмилёбии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодаанд ва ба амалҳои неку хайр, ободкориву созандагӣ рўй оварда, ба ятимону бепарасторон ва барҷомондагон хайру эҳсонро дареғ намедоранд.
Бори дигар Иди саиди Фитрро ба мардуми кишвар муборакбод гуфта, ба мардуми шарифи Тоҷикистон хонаи обод, ризқи фаровон, тандурустӣ ва саодати рўзгорро орзу менамоям.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!