Фарзанд меваи умр ва идомабахши ҳаёти инсон аст
Изҳороти
Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии
Тоҷикистон ба муносибати
Рўзи байналмилалии барҳам додани меҳнати вазнини кўдакон
12 июн ҳамасола дар ҷаҳон Рўзи байналмилалии барҳам додани меҳнати вазнини кўдакон ҷашн гирифта мешавад. Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳо дар ин рўз барҳам додани меҳнати вазнини кўдакон дар ҷаҳон мебошад. Зеро, фарзанд меваи умр ва идомабахши ҳаёти инсон аст. Агар дарахт бенуқсон нашъу намо ёбад, пас меваи он ҳам судбахшу самаровар хоҳад буд, зеро ғизои таркиби он аз сарчашмаи қобили эътимод мебошад. Аз ин лиҳоз волидон барои барҳам додани меҳнати вазнини кўдакон пеш аз ҳама худ масъулиятшинос бошанд, пас фарзандони онҳо низ дар дар як муҳити созгор рушд хоҳанд кард. Аммо, агар волидон нисбати фарзандони худ бепарво бошанду нисбати ҳаёти фарзандон камтаваҷҷуҳӣ зоҳир намоянд, пас фарзандон низ дар оянда чунин муносибатро бо онҳо раво хоҳанд дид.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, давлати тозаистиқлоламон-Тоҷикистон ба вазъи ҳуқуқи кўдакон, ҳимояи манфиатҳои онҳо ва беҳдошти ҳаёти моддию маънавиашон таваҷҷўҳ зоҳир намуда, сол аз сол дар ин самти ҳаётан муҳим корҳои азимро ба сомон мерасонанд.
Соли 1989 дар Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид санади муҳими ҳуқуқии байналхалқӣ, яъне Конвенсияи ҳуқуқи кўдак қабул шуда буд. Тоҷикистони соҳибистиқлол низ чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанўз соли 1993 ин санади муҳими байналхалқиро эътироф намуда, баҳри татбиқи он корҳои зиёдеро анҷом медиҳад.
Моро зарур аст, ки дар ҳаққи кўдакон ва амалишавии орзуву ормонҳои онҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир намоем, бачаҳои эҳтиёҷманд, бахусус ятиму бепарастор бо дилсўзиву меҳрубонии хоса фаро гирем.
Набояд фаромўш сохт, ки олами маънавию ҷисмонии кўдак метавонад, аз ҳама зуҳуроти таъсиррасон бархурдор бошад. Ва ҳар он чӣ қадар падидаҳои нек дар рўзгори кўдак рух диҳад, ҳамон қадар зебопарастию мутобиқшавии кўдак ба олами комилан саршор аз адолати иҷтимоӣ дар зеҳн пайдо мешавад. Талаботи кўдак, пеш аз ҳама, ба вазъи иҷтимоии оила, навъҳои хизматрасонӣ ва ёрӣ вобаста аст. Дар ин марҳала ба сатҳи ташаккулёбии малакаҳои ҳаётии кўдак, мулоқоти ў бо ҳамсолон, худидоракунӣ, мустақилона ҳал намудани ин ё он масъала нақши муҳим дорад.
Дар замони муосир қариб дар ҳама мамлакатҳои олам истисмори кўдак ба як амали маъмул табдил ёфтааст, ки пешгирии он яке аз вазифаҳои муҳими ҳар фарди ҷомеа аст. Аслан истисмори кўдак, бо таври ройгон азхуд намудани натиҷаи меҳнати кўдакон, ҷалби кўдакон ба амалҳои тиҷоратӣ, ҷинояткорӣ ва талбандагӣ амалӣ мегардад, ки ин падидаҳои номатлуб дар ҷомеаи мо низ ба назар мерасад.
Имрўз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон тамоми шароитҳои созгор барои кўдакон фарохам оварда шудааст. Моро танҳо зарур аст, ки фарзандони худро дар рўҳияи хештаншинос ӣ тарбия намуда, ба онҳо шароитҳои заруриро фароҳам оварем, дар мавсими тобистон ҳарч ӣ бештар онҳоро ба истироҳату фароғат, варизишу китобу китобхона, сайру саёҳат ҷалб намоем. Зеро ҳаёт нишон медиҳад, ки кўдаконе, ки бо тарбияю ғамхории доимӣ фаро гирифта шудаанд, дар шинохти муҳит ва масъалаҳои ба ҳаёташон дахлдор зираку дар иҷрои он пешсафтаранд.