Ба рӯзи байналмиллалии ҳифзи

меҳнат бахшида мешавад.

      Ҳифзи меҳнат – низоми чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирикунанда ва барқароркунӣ, ки мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории шахсро дар раванди меҳнат таъмин мекунад

(Моддаи 1, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Ташкилоти байналмиллалии меҳнат бо мақсади ҷалб намудани диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин мушкилот ва роҳҳои кам кардани дар ҷойи кор ба марг дучор шудани кормандон  28 апрелро рӯзи байналмиллалии ҳифзи меҳнат эълон намуд.

Тибқи баҳодиҳии Ташкилоти байналмиллалии меҳнат ҳар рӯз дар дунё  зиёда аз 5000 одам дар ҷойи кор бо сабаби ҳодисаи нохуш ва касалиҳои касбӣ мефавтанд. Ҳамасола дар давоми сол аз 2 то 2.3 миллион ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот рух медиҳад. Аз ин шумора 350000 он ҳодисаҳои нохуше мебошанд, ки бо марги корманд анҷомидааст. Фавтидани кормандон аз касалиҳои касби дар як сол 1,7 то 2 миллион нафарро ташкил медиҳад. Дар давоми як сол зиёда аз 160 миллион нафар ба касалиҳои гуногуни касбӣ  дар ҷойи кор гирифтор мешаванд.

Дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот  дар давоми як сол зиёда аз 119 нафарро ташкил додааст, ки шумораи ҳодисаҳои нохуш сол то сол афзоиш ёфта истодааст. Масалан дар солҳои 2012-2014 шумораи ҳодисаҳои нохуш, ки бо фавти корманд анҷомидааст, қариб 2 маротиба зиёд шудааст. Дар соли 2012 – 96 нафар, соли 2013- 101 нафар, соли 2014 93 – нафар дар ҷойи кор ё вобаста ба он фавтидаанд.

Соли 2015 камшавии ҳодисаҳои нохуш вобаста ба истеҳсолот ва фавти корманд коҳиш ёфта, 83 нафарро ташкил дод.

Таърихи «Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат» аз он рӯз оғоз мешавад, ки кормандони зиёд дар ҷойи кор фавтиданд. Кормандони Амрико ва Канада ин рӯзро аз 28 апрели соли 1989 ҷашн мегиранд. Баъдан дар дигар давлатҳо низ ин рӯзро ҷашн мегирифтагӣ шуданд ва инчунин масъалаҳои меҳнати арзанда илова  карда шуданд.

Имрӯзҳо дар зиёда аз 100 давлати дунё ин рӯзро ҷашн мегиранд. Соли 2003 Ташкилоти байналмиллалии меҳнат Рӯзи байналмиллалии меҳнатро муайян намуд, ки он ҳам рӯзи 28 апрел ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин рӯз зиёда аз 100 давлати дунё чорабиниҳои гуногун ташкил карда, диққати ҷомеаро ба масъалаҳои ҳалнашудаи ҳифзи меҳнат ҷалб мекунанд.

Ташкилоти байналмиллалии меҳнат кормандони иттифоқи касаба ва ташкилоти корфармоёнро даъват менамояд, ки оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат чорабиниҳои гуногун баргузор намоянд ва ин мушкилотро бо кормандон ва корфармоён якҷоя баррасӣ намоянд.

Мақсад аз баргузории ин чорабиниҳо пеш аз ҳама муайян намудани  мушкилоти мавҷуда дар ҷойҳо ва ҷалб намудани диққати корфармоён ба ин масъала мебошад. Барои занон ва мардон бояд шароити хуб, безарар ва мусоиди меҳнат, кӯмакҳои иҷтимоӣ ва ҳимояи шаъну шарафи корманд  муайян карда шуда, риоя шаванд.

Инчунин мавзуи алоҳидае, ки Ташкилоти байналмиллалии меҳнат пайгири мекунад, ин ҷамъоварӣ ва ба низом даровардани маълумот оид ба ҳифзи меҳнат мебошад. Ташкилоти байналмиллалии меҳнат  ба масъалаи ҷароҳатбардории корманд дар ҷойи кор диққати махсус дода дар давлатҳои аъзо тамоми ташаббусҳои ба беҳтар шудани вазъ равонашударо дастгирӣ мекунад. Ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва мусоидат ба таъмини шароити мусоид ва бехатар барои кормандон- яке аз вазифаҳои барномаи «Мақсадҳои рушди устувор» ва Ташкилоти байналмиллалии меҳнат мебошад.

Мавҷуд будани маълумоти зарури оид ба ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот омили асоси барои таҳияи чораҳои пешгирикунанда мебошад. Бо ин мақсад ба роҳ мондани бақайдгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ хеле зарур мебошад. Ин фаъолият имкон медиҳад, ки системаи миллии идораи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ  баҳодиҳӣ кардашуда, инчунин нақша чорабиниҳои мушаххас  тартиб дода шавад.

Соли 2017 Ташкилоти байналмиллалии меҳнат  бахшида ба «Рӯзи байналмиллалии ҳифзи меҳнат» мавзӯи «Беҳтар намудани ҷамъоварӣ ва истифодаи маълумот оид ба ҳифзи меҳнат» – ро эълон ва амалӣ намуд.

Беҳтар намудани ҷамъоварии маълумоти дақиқ барои босифат омода намудани барномаҳои миллӣ ва самтҳои афзалиятноки он мусоидат мекунад. Ҳамзамон мавҷуд будани маълумотҳои дақиқ имкон медиҳад, ки таҳлили воқеи дар сатҳи соҳа ё давлат гузаронида шавад.

Ташкилоти байналмиллалии меҳнат аз 28 апрели соли 2003 «Рӯзи байналмиллалии ҳифзи меҳнат»-ро таҷлил мекунад. Ҳамасола ҷашнгирии «Рӯзи байналмиллалии ҳифзи меҳнат» қисми ҷудонашавандаи стратегияи Ташкилоти байналмиллалии меҳнат оид ба бехатарӣ, гигиенаи меҳнат ва муҳити зист мебошад.

Бо мақсади амали намудани ин ҳадаф аз ҷониби Ташкилоти байналмиллалии меҳнат  як қатор мавод, дастур ва барномаҳои таълимӣ  омода шудааст, ки барои системакунонии ин раванд дар сатҳи миллӣ ва соҳавӣ мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки маълумоти дар манбаъҳои гуногун  мавҷудбударо ҷамъ намуда, таҳлил намоем.

Ҳамчунин системакунонӣ дар сатҳи миллӣ имкон медиҳад, ки дар асоси ин таҳлили глобалӣ (умумиҷаҳонӣ) гузаронида, тағийрот дар ин самт муайян ва пайгирӣ карда шаванд.

Бо мақсади ҷалби диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти номбурда ва беҳтар намудани вазъи ҳифзи меҳнат имсол Ташкилоти байналмиллалии меҳнат    28 апрелро  «Рӯзи байналмиллали ҳифзи меҳнат», «Рӯзи ҳифзи меҳнат» ва 12 июнро  бошад «Рӯзи байналмиллалии мубориза алайҳи меҳнати вазнини кӯдак» эълон намуд, ки зери  шиори «Бехатари ва саломатии насли наврас» мегузарад.

Ин чорабини барои аз мактаб ба бозори меҳнат ва аз синну соли кӯдакӣ ба ҳаёти калонсолӣ гузаштани кӯдаконро бехатар ва  ба саломатии онҳо безарар, мусоидат мекунад.

Ин маъракаи умумиҷаҳонӣ барои фаъол шудан ва муттаҳид намудани имкониятҳоро баро ҳалли вазифаи 8,8 дар доираи Мақсадҳои рушди устувор  (ЦУР), ки «Ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва таъмини шароити безарар ва бехатари меҳнат барои ҳамаи кормандон» равона  шудааст ва то соли 2030 идома хоҳад ёфт.

Вазифаи 8.7 «Мақсадҳои рушди устувор» давлатҳои аъзоро водор менамояд, ки оид ба манъ намудан ва барҳам додани ҳамаи шаклҳои меҳнати вазнини кӯдак дар Тоҷикистон чораҳои таъҷилӣ ва назаррас андешанд ва то соли 2025 тамоми шаклҳои меҳнати вазнини кӯдаконро барҳам диҳанд.

Таъмин намудани шароити бехатар ва безарар барои наслҳои оянда   вазифаи аввалиндараҷаи  корфармоён мебошад.

Кормандони ҳамаи синну сол ба меҳнати безарар ва бехатар ҳуқуқ доранд. Кормандони синну солашон аз 15-24 дар дунё 541 млн мебошад, ки 15 фисади қувваи кори умумиро ташкил медиҳад. Аммо ҷароҳатбардорӣ ғайри фавти онҳо нисбати кормандони аз 25 сола боло  40 фисад зиёд мебошад. Бар замми ин саломатӣ ва ҳаёти кормандони ҷавон ба таъсири омилҳои зараровар дар ҷойи кор осебпазир аст.

Дар дунё 152 млн нафар кӯдакон ба меҳнати вазнин гирифтор мебошанд, ки 73 млн онҳо ба корҳои хавфнок, ки ба саломатӣ ва ҳаёти кӯдак таъсири манфӣ мерасонад, дохил мебошад.

Омилҳои зараровар дар ҷойи кор ба кормандони ҷавон бештар таъсир мерасонад, чунки дар ин синну сол ҷисм ва ҳолати равонии онҳо ташаккул меёбад. Баъдан бетаҷрибагӣ ва сатҳи касбияти онҳо ба ин ҳолат мусоидат мекунад.

Аз сабаби надоштани собиқаи корӣ, таҷриба ва тахассуси паст бештар ҷавононро ба корҳои каммузд ва хатарнок қабул мекунанд.

Ин ҳолатро боз зиёд будани бекорӣ дар байни ҷавонон  вазнинтар мекунад. Бекори дар байни ҷавонон нисбат ба калонсолон се маротиба зиёд мебошад. Аз ин сабаб бештари ҷавонон маҷбур мешаванд, ки ба шуғли ғайрирасмӣ шуғл варзанд. (78,7 фисади кормандони аз 15 то 29 сола). Дар шуғли ғайрирасмӣ аз сабаби таъмин нагардидани талаботи ҳифзи меҳнат ва кам ҷудо шудани маблағҳои барои ҳифзи меҳнат пешбинишуда, эҳтимолияти ба ҳодисаҳои нохуш дуҷор гардидани кормандони ҷавон бештар аст. Дар шуғли ғайрирасмӣ кормандон ба ҳифзи иҷтимоӣ фаро гирифта намешаванд ва дар ҳолати дучор гардидани онҳо ба касалиҳои касбӣ ва ҳодисаҳои нохуш вобаста ба истеҳсолот ба ҳеҷ куҷо шикоят карда наметавонанд. Ҳатто агар шикоят ҳам кунанд ба мақсад расидани онҳо гумон аст.

Ин ҳолат на танҳо ба саломатӣ ва ҳаёти корманд балки ба иқтисодиёти давлат низ зарари калон мерасонад. Таъсири ҳодисаҳои нохуш вобаста ба истеҳсолот, ки ба паст шудан ё ҳатто гум кардани қобилияти кории корманд оварда мерасонад, ба кормандони ҷавон сангинтар аст, чунки корманди ҷавон то охири ҳаёташ ба кӯмак ва ёрии дигарон ниёз пайдо мекунад. Корманди ҷавони саломатиашро аздастдода наметавонад,  касби дар давоми таҳсил   гирифтаашро иҷро намояд ва  шаҳрванди фаъол бошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои пешгири аз ин ҳолат корҳои зиёдро ба анҷом мерасонад. Барои ҷавонон квота ҷудо карда мешавад ва барои дастгирии иҷтимоии онҳо имтиёз муқарар карда мешавад. Дар соҳаи маорифи кишвар низ бо мақсади дастгирии мутахасисони ҷавон квота барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ муқаррар шудааст, ҳамзамон барои мутахассисони ҷавони дар деҳот фаъолиятдошта қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шуда, инчунин ба муттахасисони ҷавон 10% иловапулӣ пардохт карда мешавад. Инчунин онҳо бо қитъаи замин таъмин карда мешаванд.

Дар ин раванд Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетараф нест. Барои 23 нафар донишҷуён  стипендияи номӣ муқаррар карда шуда, саривақт пардохт карда мешавад. Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқ,  манфиатҳои кормандон ва солимгардонии аъзои оилаи онҳо,  чорабиниҳои гуногун аз қабили ташкил намудани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон, мусобиқаҳои  варзишӣ  баргузор карда мешаванд.

Дар сохтори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нозирони ҳуқуқ ва меҳнат фаъолият мекунанд, ки онҳо иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқиро назорати ҷамъиятӣ мебаранд.

Инчунин бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони ҷавон ва кормандони иттифоқи касаба семинарҳои омӯзишӣ ва конфронсҳо гузаронида мешаванд.

Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   аъзоёни иттифоқи касаба, намояндагони корфармоён ва тарафҳои манфиатдорро даъват менамояд, ки барои фароҳам овардани шароити мусоид ба кормандон, ҳифзи меҳнати онҳо, алалхусус ҷавонон чораҳои мушаххас андешида, дар амали гардидани мақсадҳои рушди устувор саҳми бевоситаи худро гузорем.

 

Мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат                                                                                    Қурбонов Муҳаммад

ва ҳуқуқ                                                                                                                                     Сафарович

От admin