КОРИ ПОКОНРО ҚИЁС АЗ ХУД МАГИР…. 

(вокуниш ба маводи муғризонаи сомонаҳои «http://akhbor-rus.com/» ва «https://www.dissernet.org/» бо номи «Конец фильма: как лопнул мыльный пузырь таджикской науки» )

 

Нашри маводи муғризона бо номи «Конец фильма: как лопнул мыльный пузырь таджикской науки» дар сомонаҳои «http://akhbor-rus.com/» ва «https://www.dissernet.org/» оид ба рисолаҳои илмии олимони тоҷик бозгӯи онаст, ки як гурӯҳ бо ном «озодандешон», ки дар хориҷи кишвар умр ба сар мебаранд ва бо нони муздурӣ ва андешаи маҳалгароӣ як навъ ҳуҷуми муғризонаи иттилоотиро нисбати олимони ҷавон ва олимоне, ки дастовардҳои илмию ихтироотдошта дар амл идеяҳои онҳо татбиқ гардидааст, оғоз намудаанд. Ҳадафи нопоки ин тоифа ба сӯи фарзандони фарзонаи миллат, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро содиқона пеш мебаранд, мебошад.

Аслан, ҳамингуна ҳангомаҳои муғризона дар дохили кишвар аз ҷониби як гурӯҳи манқуртон тарҳрезӣ гардида, тавассути сомонаҳо аз хориҷи кишвар паҳн карда мешаванд. Зеро, дар тули даҳсолаҳо садҳо нафар олимони тоҷик дар риштаҳои гуногуни илм рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанду маҳз ҳадафи ин гурӯҳи иғвоангез рисолаҳщи илмии олимони тоҷик қарор гирифтааст. Ин ҳолат бозгӯи онаст, ки як идда аз олимони ҳангомаҷӯ ва хабарнигорони ҳангомасоз, ки дар Тоҷикистони азизи мо обирӯ ё иммиҷи хешро пайдо накардаанду дар хориҷи кишвар муздурию манқуртӣ мекунанд, танҳо ва танҳо супоришҳои хоҷагони хешро иҷро мекунанд, инчунин дар ҳошияи маводҳои нашркардаи муғризонаи хеш бо номҳои дигару мустаор садҳо «комментар»-ҳо менависанд.

Ҳамингуна иғвоангезӣ, нотавонбинӣ, манқуртгароӣ ва курдилӣ ҳанӯз 9 сол пеш атрофи академик Бобоҷон Ғафуров дар сомонаҳои интернетӣ аз тарафи «Максим» ном як иғвоангез ба нашр расида буд, ки имрӯз ҳамон «тарҳр»-ро тавассути «Диссернет» ба анҷом расонида истодаанд. Ҷои пӯшида ҳам нест, ки маводи муғризонаро бевосита як гурӯҳи манқуртон ва нотавонбин ба дасти дуюм аслан аз дохили кишвар таъмин менамоянд, инро вақт исбот хоҳад кард. Аз тарафи дигар дар нашри ҳамингуна маводҳои иғвоангез ягон «изи русӣ» нест, балки дар он «изи дасти нотавонбинон ва манқуртон»-е ҳаст, ки худ зодаи Тоҷикистон ҳастанду худро  бо ном «озодандеш» мегиранд.

Ҳарчанд ин навиштаҳо  муғризонаю сатҳианд ва бо як шунидан чун боди дайду аз кунҷи гӯш вазида мераванд, изофа аз он ба шахсияти олимони тоҷик аз ин ғаразҳо ва айбҷӯию ниқорталабию хусумат, доғе намерасад, вале касро беихтиёр ба андеша намудан водор месозад. Чунки, зери ин ҳама сатрҳои иғвоангез имзои номуборак ва мустаори бадандешони миллати тоҷик қарор дорад.

Аз тарафи дигар оид ба ин ҳолатҳои муғризона мо  сомонаи интернетии ташкилоти «Диссернет»-dissernet.org-ро  гунаҳгор карданӣ нестем, зеро сомонаи мазкур  ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва  илми Федератсияи Россия ягон муносибат надорад, маълумотҳои паҳннамудаи онҳо нуқтаи назари расмии Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва  илми Федератсияи Россия ҳам нест. Дар ин маврид аз тарафи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва  илми Федератсияи Россия  мактуби расмӣ ирсол шудааст. Он танҳо мавқеи шахсии шахсоне ҳаст, ки «супориш»-ро бевосита аз ҷониби гурӯҳи ьанқуртон ва бо ном «озодандешон»-и бадкирдор, ки ҳолиё дар кишварҳои Аврупо муздурӣ менамоянд, мегиранд. Аз тарафи дигар сомонаи мазкур як навъ  «ҷамъияти озоди маҷозӣ» («вольное сетевое сообщество»)  ҳаст, ки бо ном «озодандешон»-и мо ба хотири роҳандозии манфиатҳои нопоки сиёсии худ, ҳамин «шева»-ро роҳ гирифтаанд.

Зеро мебинем, бархе аз муассисони ин сомона дар ҳаёти сиёсии Россия ба ягон муваффақият ноил нагардидаанд ва ҳамин сомонаро низ ба хотири роҳандозӣ намудани хостаҳои сиёсии нопоки хеш таъсис додаанд. Пас ҳамагуна маводҳое, ки нисбати олимони тоҷик ва чеҳраҳои саршиноси илми тоҷик ба нашр мерасанд, ин дасти ҳамон нопокон ва бо ном «озодандешон»-и тоҷик дар хориҷ ҳастанд, ки тавассути ҳамингуна сомона «ниятҳои нопоки сиёсӣ» иғвоангезию манқуртии хешро пиёда месозанд. Ин ҳолатро бояд ҳар корбари шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳар нафаре, ки иттилоотро аз сомонаи «Диссернет»-dissernet.org дастрас месозад, бояд дарку эҳсос намояд, ки ҳадафи ин иғвоангезӣ, ин бегонакпарастии як гурӯҳи бо ном «озодандешон» мебошад.

Масъалаи дигар, ки ба ин маводҳои муғризона рабт дорад, ин нотавонбинии бо ном «озодандешон»-мо аз фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки нисбати КОА як навъ «ҳуҷумҳои иттилоотӣ» шуда буд. Аммо нотавонбинони илми тоҷик, махсусан бо ном «озодандешон» дарк намоянд, ки маҳз бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоди алоҳида, ки дар баробари муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ бевосита ба назорату масъулияти тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ – омӯзгории сатҳи олиро ба уҳда дошта бошад, ба номи «Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис ёфт. Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як иқдоми навбатӣ ва саривақтӣ дар роҳи таъмин ва таҳкими истиқлолияти кишвар дар самти тайёр кардани кадрҳои илмию омӯзгории сатҳи олӣ мебошад. Аммо, ҳамин нотавонбинон, манқуртон ва бо ном «озодандешон» аз пешравии илми ватанӣ ҳасад мебаранд, аз кору пайкори шахсиятҳои содиқ ба Ватан-Тоҷикистони азизи мо ҳасад мебаранд, инро метавон як навъи ҳасади сиёсӣ низ ном бурд, зеро олимону муҳаққиқони ватанӣ  илмро ҳамқадами замон намуданд ба пешрафти давлат мусоидат намуда истодаанд. Мебинем, ки илмҳои астрономия, математика, кимиё, геология, сейсмология ва хадамоти физикӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле пешрафтаанд, ки назираш натанҳо дар Осиёи Миёна, балки дар Аврупо ҳам нест. Ва имрӯз илмҳои гуманитарӣ низ дар заминаи ғояҳои истиқлолияти миллӣ низ пешрафт гардидаанд.

Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ҷомеашиносони тоҷик таваҷҷуҳи махсусро ба таҳқиқи масъалаҳои фалсафаи забон, масъалаи ҳастӣ ва худшиносӣ дар таърихи фалсафаи тоҷик ва ҳамчунин ба равияҳои муосири фалсафаи Ғарб ва мақоми онҳо дар афкори фалсафӣ ва иҷтимоӣ-сиёсии кишварҳои Шарқ равона намуданд. Олимони ҳуқуқшинос низ суннатҳои давлатдории халқи тоҷикро омӯхта, баъзе хусусиятҳои мақомоти амалисозандаи адолати судї ва институти ҷазо дар таърихи давлатдории тоҷикон муайян намуда истодаанд. Дар самти илмҳои филологӣ омӯзиши таърихи адабиёти тоҷику форс, забон, фолклор ва сарчашмаҳои хаттии он идома ёфта истодааст.

Дар соҳаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ низ масъалаҳои вобаста ба пайдоиш ва инкишофи инсоният, ҷамоати ибтидоӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии таърихи халқи тоҷик дар давраи сабти фарҳанги хаттӣ, таърихи мусиқӣ, театр, меъмории халқи тоҷик мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифта истодааст, ки ин ҳама пешравии назаррас дар сатҳи илми ҷаҳонӣ мебошад. Инро албатта ҳасудони илми тоҷик ҳаргиз дидан намехоҳанд, ҳамон ҳасудоне, ки имрӯз худро «озодандеш» ном мебаранд ва илмро олудаи сиёсати нопок гардонида истодаанд.

Ҳамин тоифаи бо ном «озодандешон», ки худшиносии шахсият ва худшиносии миллӣ надоранд ва барои мустақилияти фардии худ ва истиқлоли давлатии хеш хидмати беше накардаанд вобастагӣ ба дигарон ва фармонравоии бегонагонро иҷро менамоянд, даст ба ҳамингуна иғвоангезӣ мезананд. Пас биёед бо андешаи солим фикру мулоҳизаронӣ намоем, ки дар пушти маводҳои нашрнамудаи сомонаи «Диссернет» ки қарор дорад? Мо фикр мекунем танҳо ва танҳо дар маҷмуъ бо ном «озодандешон»-у манқуртони дар дохил ва хориҷи кишвар қарор дошта даст доранд. Ин чанд андешаро ба «ҳаводорон»-и сомонаи «Диссернет» бо байти Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ ҳусни анҷом мебахшем:

                  Кори поконро қиёс аз худ магир,

                  Гарчӣ бошад, дар навиштан шер шир.

 

                                                   Иттифоқи касабаи кормандони маориф

                                                   ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

От admin