Бо максади огоҳии бештар аз вазъи ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба, пайгирӣ аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, меҳнатӣ ва дигар манфиатҳои аъзоёни иттифоқи касаба бо дастури раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Одиназода Рамозон Сафар гурўҳи кори дастгоҳи марказии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани соли 2018-Соли ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, кормандони дастгоҳи марказии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои 17-20 апрели соли 2018 бо раисони ташкилотои ибтидоии иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун ва Вахш машварати омўзишию методӣ доир намуд.
Дар машварат масъалаҳои оид ба амалӣ намудани мақсад ва вазифаҳои оинномавии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагӣ ва ҳифз намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва касбии аъзоёнии иттифоқи касаба, ҳамкории ташкилотҳои ибтидоӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корфармоёну иттиҳодияи онҳо ва шарикони иҷтимоӣ. Мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Иштирокчиёни машварат асосан перомуни саривақт нагирифтани музди меҳнат бо камбудии пули нақд дар банкоматҳо, баррасӣ нагардидани муроҷиатҳои онҳо барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, баргардонидани музди меҳнати якрўзаи онҳо ба фонди рушди ноҳия, сафарбарнамудани омўзгорон барои ҷамъоварии маблаѓҳо ҷиҳати харидории чиптаҳо барои барномаҳои ҳунарӣ, оид ба баҳсҳои меҳнатӣ, таъмини бехатарии меҳнат аз тарафи корфармоён, ройгон гузаронидани кормандон аз муоинаи тиббӣ ибрози андеша намуданд.
Ҳамчунин оид ба дуруст ҳисоб кардан ва пардохти саривақтии музди меҳнат, одилона ҷудо намудани кумакҳои суѓуртаи иҷтимоӣ ва сарфи маблаѓҳои суѓуртаи иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ ва истироҳати аъзоён, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнати аъзоён, риояи кафолатҳои иҷтимоии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии саривақти муроҷиатҳои аъзоёни иттифоқи касаба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни вохўрӣ ошкор гардид, ки дар ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба то ҳанўз мушкилотҳои мавридӣ ҷой дорад ва барои бартарафсозии онҳо ҳамкории самарбахши ташкилотҳои ибтидоиро бо шарикони иҷтимоӣ зарур аст.
Иштирокчиёни машварат пешниҳод намудаанд, ки моҳе як маротиба тавассути ширкатҳои телевизион ва радио оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат, бархурди мушкилотҳои онҳо, тавзеҳи санадҳои меъёрии соҳавӣ, мақсаду ҳадафҳои оинномавӣ бо ҷалби шарикони иҷтимоӣ мизҳои мудаввар доир карда шавад.
Дар ноҳияи Ҷайҳун бештари иштирокчиёни машварат, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз он нигаронӣ намудаанд, ки дар муассисаҳои таълимӣ норасоии кадрӣ мавҷуд буда, барои таъмини омўзгорон бо ҷойи зист ва фароҳам овардани шароитҳои иҷтимоӣ ба онҳо мушкилот ҷойдорад, зеро маоши омўзгорони ҷавон барои пешбурди зиндагии хеш нокифоя мебошад ва бо маоши ночиз наметавонанд вазъи иҷтимоии хешро боло баранд.
Иштирокчиёни машварат ҳамчунин аз он нигаронӣ намудаанд, ки саҳми омўзгорон дар ободони ва пешрафти шаҳру ноҳияҳо, дар баргузории чорабиниҳои фархангӣ назаррас ҳам бошад, аммо мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ на ҳама вақт ба мушкилоти онҳо расидагӣ менамояд, бахусус дар ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ.
Вобаста ба тамоми пешниҳод ва дархостҳои раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, намояндагони корфармоён аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабинӣ таҳия гардида, барои ҳалли мушкилоти мавридии онҳо ба ниҳодҳои дахлдор мактуби расмӣ ирсол карда мешавад.
Душанбе-Панҷ-Ҷайҳун-Вахш-Душанбе
17-21 апрели соли 2018
Шуъбаи ташкилӣ, кор ба кадрҳо ва
коргузории Иттифоқи касабаи кормандони
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон