Тибқи нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани соли 2018-Соли ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, кормандони дастгоҳи марказии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои 17-20 апрели соли 2018 бо раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун ва Вахш машварати омўзишию методӣ доир намуд.

Зеро Ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ сохтори таркибии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҳудудӣ (вилоятӣ), шаҳрӣ ва ноҳиявии Иттифоқи касабаи дахлдор мебошад, ки барои амалӣ намудани мақсад ва вазифаҳои оинномавии Иттифоқи касаба, ба хотири намояндагӣ ва ҳифз намудани  ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва касбии аъзои иттифоқи касаба дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корфармоёну иттиҳодияи онҳо ва дигар ташкилоти ҷамъиятӣ ташкил карда шудааст.

Аз ин рў, асоси ҳаракати иттифоқи касабаро- аъзоёни иттифоқи касаба, ки дар ташкилоти ибтидоӣ  муттаҳид гардидаанд ташкил медиҳад. Нуфўз ва эътибори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз  фаъолияти самарабахши ташкилотҳои ибтидоии он, сарчашма мегирад.

Дар семенарҳои омўзишию методӣ  оид ба дуруст ҳисоб кардан ва пардохти саривақтии музди меҳнат, одилона ҷудо намудани кумакҳои суѓуртаи иҷтимоӣ ва сарфи маблаѓҳои суѓуртаи иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ ва истироҳати аъзоён, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнати аъзоён, риояи кафолатҳои иҷтимоии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии саривақти муроҷиатҳои аъзоёни иттифоқи касаба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

От admin