Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ 140-солагии мавсуфро ҷашн мегирад, дар роҳи худшиносӣ ва эҳёи ҳувияти миллии тоҷикон хизмати бузург кардааст. Дар ҳақиқат, муҳтавои асосии осори боқимондаи пурқимати устод мавзӯи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ташкил медиҳад. Таҳқиқи масъалаи мазкур,  хусусан, дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худшиносии миллӣ, мустаҳкам намудани унсурҳои давлатдории тоҷикон ба ҷойи аввал баромадааст, муҳим арзёбӣ мешавад.

Нахусттаҳқиқоти сардабири моҳномаи «ҳомии омӯзгор» -нашрияи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Чумҳурии Точикистон Эҳсон Сафарзода бо номи «Устод Айнӣ ва ҳувияти миллӣ», ки чанде пеш тавассути Матбааи Вазорати маориф ва илми кишвар аз чоп баромад, ба ин масъалаи муҳим бахшида шуда, бори аввал ба таври васеъ дар бораи унсурҳои ҳувияти миллӣ дар осори устод Айнӣ маълумоти комил медиҳад. Муаллиф бо ин мақсад тамоми осори гуногунжанри устод: назму наср, асарҳои илмиву оммавӣ ва  публитсистии ӯро мавриди баррасӣ қарор дода, доираи васеи таҳқиқоти донишмандонро оид ба мавзӯъ фаро гирифтааст.

Хулоса мешавад, ки устод Садриддин Айнӣ дар тамоми асарҳояш- бадеиву илмию оммавӣ масъалаҳои миллӣ, эҳсоси худшиносӣ ва ватандӯстии тоҷиконро ба миён гузошта, ҳифзи таърих, забону фарҳанги халқи тоҷик, рушди маориф ва маданияту фарҳангро рукни асосии баланд бардоштани худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ донистааст. Асари муҳаққиқи ҷавон барои мутахассисон, донишҷӯён ва устодони мактабҳои олӣ дастури хубест.

   

 

 

От admin