Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, нависандаи барҷаста Садриддин Айнӣ дар барқарорӣ ва ташаккули адабиёти садаи ХХ-и тоҷик нақши бориз гузошта, бо мероси бойи адабиаш халқи тоҷикро ба оламиён ҳамчун миллати дорои забон ва таърихи бостон ва фарҳангпарвар муаррифӣ намудааст. Чунин зикр шуд дар ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Мероси Садриддин Айнӣ дар шароити имрӯзаи филология», ки ба ифтихори 140-солагии нависандаи маъруфи халқи тоҷик Садриддин Айнӣ дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия доир гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз рафти конфронси мазкур иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, олимону муҳаққиқон, Айнишиносон ва доираҳои адабӣ ширкат намуданд.
Хусрав Шамбезода, ноиби ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия оид ба илму инноватсия дар ҳамоиш доир ба нақши Устод Айнӣ дар рушди илму адабиёти тоҷик сухан карда, зикр намуд, ки дар асарҳои Устод Айнӣ — «Таърихи инқилоби Бухоро», «Ҷалодони Бухоро», «Ятим», «Мактаби кӯҳна», «Марги судхӯр» «Одина, «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» зиндагию таърихи пурпечутоби халқи тоҷик ва муборизаҳои озодихоҳонаи онҳо дар роҳи расидан ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи забон, таърих, илму фарҳанг ва худшиносии миллӣ таҷассум ёфтаанд.
Дар ҳамоиш ҳамзамон донишмандону айнишиносон доир ба паҳлӯҳои гуногуни мероси адабии нависандаи шинохта Садриддин Айнӣ дар ташаккули хуввияти миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, забон, адабиёт, илму фарҳанг, аҳамияти ҷаҳониии осори Айнӣ, хусусиятҳои хоси асарҳои Айнӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёт ва эҷодиёти Садридин Айнӣ суханронӣ намуданд. Зикр карда шуд, ки Садриддин Айнӣ бунёдгузори адабиёти навини тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951–1954) буда, осори гаронбаҳои нависанда ба забонҳои гуногуни халқҳои ҷаҳон тарҷума ва нашр гардидааст. Дар самти омӯзиши мероси бойи адабии Садриддин Айнӣ дар ҷумҳурӣ ва хориҷи он корҳои зиёди илмӣ ва пажӯҳишҳо анҷом дода шудаанд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки соли 1997 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Устод Садриддин Айнӣ унвони «Каҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.