Санаи 13 апрели соли ҷорӣ дар бинои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили «Рўзи илм» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур олимони барҷастаи хизматнишодода ва олимони ҷавон иштирок доштанд. Ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон- Саидов Абдусаттор Самадович аҳли толор ва дар шахси онҳо тамоми олимони ҷумҳуриро ба «Рўзи илм» табрик намуда, ба як қатор олимони саҳмгузошта диплом ва ҷоизаҳоро бо тантана супориданд.
Аз ҷумла ба академики АИ ҶТ, доктори илми химия И.Н.Ғаниев «Нишони фахрӣ» супорида шуд.
Ба ходимони пешбари илмии шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш Юсуфбекова Зинатмо ва Шовалиева Мумина бо фармони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шуд.
Инчунин, ба олимоне, ки рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар Шўроҳои диссертатсионии Федератсияи Россия дифоъ намуда, дипломҳо супорида шуд.
Дар ин рўзи илми тоҷик натиҷаи ҷамъбасти даставии Олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро барои «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон гардида, вобаста ба натиҷаҳо донишгоҳҳо ҷойҳои зеринро ишғол намуданд:
Ҷойи 1-ум Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Ҷойи 2-юм Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров;
Ҷойи 3-юм Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Ба ректорони донишгоҳҳо «Ҷом ва Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шуд.
Ҳамзамон кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳм гузоштан дар рушди илми ватанӣ, тарбияи мутахассисони ҷавон бо «Ифтихорнома»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла
-Фарҳод Раҳимӣ-президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Муҳаммад Абдураҳмон Наврўз-ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Раҷабов С.О.-мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Раҳимов А.О.-ходими калони илмии Институти математика ба номи А.Ҷураеви Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Пиров Н.- мудири шуъбаи илми дастгоҳи Раёсати Академия илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфароз гардонида шуданд.
Сипас гирандагони ҷоизаҳои номӣ бо маърўзаҳои илмии зерин:
– маърўзаи узви вобастаи АИ ҶТ А.Файзиев оид ба ҳаёт ва фаъолияти академик К.И.Сатпаев;
– маърўзаи узви вобастаи АИ ҶТ М.Музаффарӣ дар мавзўи «Тавсифи классикии илм ва меъёрҳои дониши илмӣ»;
– маърўзаи соҳиби ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Е.Н.Павловский, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессори кафедраи физиологияи растаниҳо ва биотехнологияи факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳмихудоев Гуламад дар мавзўи «Технологияи парвариши зироати марҷумак (гречиха) дар минтақаҳои наздикўҳии Тоҷикистон» баромад намуданд.