Ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани мусобиқаи шоҳмотбозӣ дар байни занони омўзгори муассисахои тахсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти миёна ва олии касбӣ рўзи 06.04.2018 сол дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бо иштироки 18 нафар ғолибони мусобиқаи даври аввали мусобиқа, ки ба даври ниҳои роҳхат доштанд мусобиқа гузаронида шуд.
Мусобиқаро довари дараҷаи байналмилалӣ аз Федератсияи шоҳмоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфов Илҳом доварӣ намуда, мусобиқа ба таври шаффоф ва дар ҳузури намояндагони муассисахои тахсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа Улуғхоҷаева Зебо аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи якум, Пирова Фотима аз вилояти Хатлон соҳиби ҷойи дуюм гардида, ба спартакиадаи байналмилалӣ байни омўзгорон ба шаҳри Варнаи Ҷумҳурии Болгария роҳхат гирифтанд.
Ба Қодирзода Нилуфар омўзгори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ барои ишғоли ҷойи сеюм «Ифтихорнома»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба 15 нафар иштирокчиёни ин мусобиқа «Сипоснома»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Р.С ғолибон ва иштирокчиёни онро табрик намуда, зикр намуд, ки мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ минбаъд низ дар байни занони омўзгор дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ривоҷ дода мешавад, ҳаракати иттифоқҳои касабаро чи дар сатҳи ҷумҳурӣ чи дар сатҳи байналмилали пурзур хоҳад кард.