Таваҷҷуҳ: Озмун!!!
Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯӣҷҳғқ ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2020», Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дўстӣ ва накўҳамсоягӣ аз 9 марти соли 2018 ва нақши иттифоқҳои касаба дар перафти ҷомеа барои беҳтарин маводи публистӣ ва навораҳои видеоӣ (видеороликҳо) озмунҳои зеринро эълон мекунад.
1. Нақши Пешвои миллат дар муаррифии ҳуввияти миллӣ
Мавзўи озмун:
– нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохти ҳуввияти миллӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Пешвои миллат ва навтарин бозтоби тоҷикшиносӣ;
-Пешвои миллат ва ифтихори миллӣ;
Номинатсияи озмун:
– силсилаи маводҳои публитсистӣ, мақола, шеър, очерк дар нашрияи «Ҳомии омўзгор» ва сомонаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мукофоти озмун:
-ҷои якум-1000 сомонӣ
– ҷои дуюм-800 сомонӣ
– ҷои сеюм-500 сомонӣ
2.Тоҷикистон-кишвари обҳои мусаффо
Мавзўи озмун:
– нақши Пешвои миллат дар ҳалли мушкилтарин проблемаҳои инсоният-об;
– вижагиҳо ва аҳамияти ташаббуси пурарзиши Пешвои миллат дар масъалаи об барои рушди устувор;
– амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим;
– коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчўби «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028»;
-Тоҷикистон пешоҳанги ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ вобаста ба об.
Номинатсияи озмун:
– силсилаи маводҳои публитсистӣ, мақола, шеър, очерк дар нашрияи «Ҳомии омўзгор» ва сомонаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мукофоти озмун:
-ҷои якум-1000 сомонӣ
– ҷои дуюм-800 сомонӣ
– ҷои сеюм-500 сомонӣ
3.Миёни ин ду миллат дигар ҳарфи ҷудоӣ нест
Мавзўи озмун:
– инъикосии робитаҳои дўстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ўзбекистон;
-Тоҷикистону Ўзбекистон-пайки неки муносибатҳои дўстию бародарӣ;
-дўстию бародарии халқҳои тоҷику ўзбек муносибатҳо, ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ, анъанаҳои хешутаборӣ;
– иқдомҳои рўҳнавоз ва умедбахш, ҳусни нияти неки дўстӣ, ҳамсоягӣ ва ҳамҷавории халқҳои тоҷику ўзбек.
Номинатсияи озмун:
– силсилаи маводҳои публитсистӣ, мақола, шеър, очерк дар нашрияи «Ҳомии омўзгор» ва сомонаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мукофоти озмун:
-ҷои якум-1000 сомонӣ
– ҷои дуюм-800 сомонӣ
– ҷои сеюм-500 сомонӣ
4.Иттифоқи касаба-ҳомии мо
Мавзўи озмун:
– инъикосии ҳаракати иттифоқҳои касаба дар ҷомеа (инъикоси ташкилотҳои иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– иттифоқи касаба-ҳомии ҳуқуқҳои (иҷтимоӣ) кормандон;
– нақши иттифоқи касаба дар ҳифзи манфиатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии кормандон;
– иттифоқи касаба дар шинохти мо
Номинатсияи озмун:
– силсилаи маводҳои публитсистӣ, навораҳои видеоӣ дар шаклҳои CD/DVD ё FSV «Ҳомии омўзгор» ва сомонаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мукофоти озмун:
Барои маводи публитсистӣ
ҷои якум- 1000 сомонӣ
– ҷои дуюм-800 сомонӣ
– ҷои сеюм-500 сомонӣ
Барои навораҳои видеоӣ
ҷои якум- 2500 сомонӣ
– ҷои дуюм- 1000 сомонӣ
– ҷои сеюм-500 сомонӣ
Шартҳои озмун:
Иштирокчиён навораҳои видео дар шаклҳои CD/DVD ё FSV дар сомонаи http://www.tuces.tj ва маводҳои публитсистӣ дар ҳаҷми то 4 саҳифа ба ҳуруфи Arial tj, андозаи 14 ба суроғаи ш.Душанбе, хиёбони Рўдакӣ- 20.Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суроғаҳои электронии ehson.89@vail.ru, kasaba tj@mail.ru қабул карда мешаванд. Дар озмун журналистони касбӣ, адибону публитсистон ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, иштирок карда метавонанд. Озмун аз 2 апрел то 30 июли соли 2018 идома ёфта, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.