Тантанахои Наврўзи дар Кумитаи иттифоќи касабаи кормандони маорифи шахри Душанбе
Кумитаи иттифоќи касабаи кормандони маорифи шахри Душанбе санаи 31 марти соли равон бахшида ба чашни Наврўзи байналмилали чорабинии мадани- фархангиро бо иштироки раисони кумитахои иттифоќи касабаи кормандони маорифи нохияхо ва раисони ташкилотхои ибтидоии иттифоќи касабаи муассисахои таълимии томактаби ва тахсилоти умуми, инчунин як ќатор фаъолони иттифоќи касаба доир намуд.
Сахни хавли ва рохрав бо шиору овезахои наврўзи, расму оинхои милли, оростани дастархони Наврўзи, хафт сину хафт шин, гулдўзихо, чаканбофи, атласбофи, асбобу мусиќихои милли ва пухтани таомхои милли ороста гардида, ба маърази тамошобинон гузошта шуда буд.
Чорабинии Наврўзиро Одиназода Р. С.- раиси Иттифоќи касабаи кормандони маориф ва илми Чумхурии Точикистон хусни оѓоз бахшида, ќайд намуд, ки бо дастгири ва пешниходи Асосгузори сулху вахдати милли- Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон чашни Наврўз чахони гардид. Наврўз ќадимтарин, зеботарин, муќаддастарин ва бузургтарин чашни мардуми ориёи буда, зиндашавии табиат, пирўзии нур бар торики, гарми бар сарди, чавони бар пири, хуби бар бадиро дар худ тачассум менамояд.
Дар интихои суханони худ бори дигар мардуми шарифи Точикистон, аз чумла кормандони сохаи маориф, раисони ташкилотхои иттифоќи касабаро бо ин чашни фархунда самимона табрик намуда, як ќатор фаъолони иттифоќи касабаро бо Ифтихорномаи Кумитаи иттифоќи касабаи кормандони маориф ва илми Чумхурии Точикистон ва Сипосномаи Кумитаи иттифоќи касабаи кормандони маорифи шахри Душанбе бахшида ба чашни Наврўзи байналмилали сарфароз гардонид.
Бахшида ба ин чашни бузург озмун дар байни чор кумитахои иттифоќи касабаи кормандони маорифи нохияхои Сино, Фирдавси, Исмоили Сомони ва Шохмансури шахри Душанбе баргузор гардид, ки аз чониби хакамон барои иштироки фаъолонаашон ба дастахо бахои баланд ва хама ѓолиби озмун дониста шуданд.
Хамзамон дар чорабинии мазкур дастахои хунарии марказхои эчодии кўдакону наврасони шахри Душанбе ва нохияхои Исмоили Сомониву Фирдавси хунарнамои намуда, бо шеъру тарона ва раќсу мусиќи хотири иштирокчиёнро шоду болида гардониданд.