Артиши мамлакати азизамон, вазифаҳои худро дар таъмини тинҷию осоиштагӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ содиқона ва софдилона иҷро менамояд. Имрўз афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд.

 

 

     Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрўз мо дар фазои дӯстиву рафоқат ва суботу оромӣ ҳаёт ба сар бурда, ҳар як пешрафту комёбӣ ва дастовардҳои арзандаи давлату миллатро дар сиёсату иқтисодиёт, фарҳангу маданият ва илму маориф бо ин санаҳои хотирмон ҷашн мегирем!

 

Иттифоќи касабаи кормандони маориф ва илми Чумҳурии Тоҷикистон кулли ҳамватанони гиромиро ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Артиши Миллии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бурдбориҳо, ҳаёти осоишта, саломатии қавӣ ва дар фаъолияти меҳнатиатон муваффақиятҳои беназир таманно менамояд!

Бо эҳтиром Одиназода Рамазон Сафар

От admin