Дар Муассисаи давлатии «Гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафуров»-и ноҳияи Рўдакӣ бо ташаббуси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Рўдакӣ дар доираи эълон гардидани соли 2025 – Соли ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба дар ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои раисони ташкилоти ибтидоӣ семинари омўзишӣ оғоз гардид.
Семинари омўзиширо Қурбонов М.С., муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки бо ташаббуси Ташкилоти байналмилалии меҳнат ҳамасола 28-апрел ҳамчун Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат таҷлил карда мешавад.
Масъалаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мавқеъи хосаро доро мебошад.
Тибқи муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Иттифоқҳои касаба» ва Оинномаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон назорати ҷамъиятии ҳифз ва бехатарии меҳнат бар души иттифоқҳои касаба вогузор карда шудааст.
Таъкид гардид, ки тибқи қарори Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 9 январи соли 2025, № 19/6, қарори пленуми Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2025, №№1/9, соли 2025 – Соли ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба, эълон карда шудааст.
Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани соли 2025 – Соли ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба дар байни ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба озмунҳои «Беҳтарин ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба», «Гўшаи беҳтарини иттифоқи касаба»-ро роҳандозӣ намуда, корҳои таблиѓотиро дар байни ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ба таври густурда ба роҳ монда шудааст.
Тибқи барномаи семинари омўзишӣ кормандони дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби ташкил иттифоқи касаба, қабул ва хориҷ аз иттифоқи касаба, баргузории маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, назорати ҷамъиятии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи раисони ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба, ба иштирокчиёни семинар корҳои тавсиявӣ ва дастурдӣ дода мешавад.

От admin