Дар толорои маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи шаҳри Норак тибқи нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Норак барои нимолаи якуми соли 2025 дар доираи эълон гардидани соли 2025- «Соли ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба» барои раисони ташкилоти ибтидоӣ семинари омўзишӣ оғоз гардид.
Семинарро Аслия Сафарзода раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Норак ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҷиҳати таъмини иҷрои қарори пленуми Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2025, №1/9 «Дар бораи соли 2025 эълон намудани «Соли ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба» семинари мазкур роҳандозӣ гардидааст.
Тибқи барномаи семинари омўзишӣ Қурбонов М., муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимов Қ., сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузории Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби ташкил иттифоқи касаба, қабул ва хориҷ аз иттифоқи касаба, баргузории маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, назорати ҷамъиятии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи раисони ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба маърўза менамоянд.
Дар анҷоми семинари омўзишї барои самарабахш гардонидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидои иттифоқи касаба дастуру тавсияҳо дода мешавад.

От admin