Дар толорои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71 шаҳри Ваҳдат тибқи нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Ваҳдат барои нимолаи якуми соли 2025 дар доираи эълон гардидани соли 2025- «Соли ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба» барои раисони ташкилоти ибтидоӣ семинари омўзишӣ оғоз гардид.
Семинарро Эмомзода Х., раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Ваҳдат ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 9 январи соли 2025, №19/6 ҷиҳати соли 2025 эълон гардидани «Соли ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба», қарори пленуми Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2025, №1/9 «Дар бораи соли 2025 эълон намудани «Соли ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба» семинари мазкур роҳандозӣ гардидааст.
Тибқи барномаи семинари омўзишӣ Қурбонов М., муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимов Қ., сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузории Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби ташкил иттифоқи касаба, қабул ва хориҷ аз иттифоқи касаба, баргузории маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, назорати ҷамъиятии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи раисони ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба маърўза менамоянд.






