4-уми апрел дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025 ҳамоиш дар мавзуи «Ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳалли масоили обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ» баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш зикр гардид, ки моҳи декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-ум Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, якдилона қабул намуд.
Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати аъзои ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гардид.
Таъкид гардид, ки ин ташаббуси Пешвои миллат барои инсоният ва сайёраи мо воқеан аҳамияти бузург дорад, зеро он ба ҳифзи табиат ва захираҳои обӣ, дар маҷмуъ ба ҳифзи ҳаёти инсоният дар сайёраи мо равона шудааст.
Дар ҳамоиш Убайдуллоев Убайдулло., ходими калони илмии Муассисаи давлатии илмии «Маркази омўзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» иброз дошт, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 декабри соли 2022 қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо басо муҳим ва боиси ифтихори ҳар як ҳамватани мост. Тавассути ин Қатънома Созмони Милали Муттаҳид ҳам Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ҳам Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳоро эълон кард, ки он аз муҳимтарин дастоварди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ин айём аст.
Ҳамчунин, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад, ки бозгӯ аз мавқеи хос ва пешсафии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ба шумор меравад.
Пиряҳо ҳамчун сарвати табиӣ ва ҳифзи он дар сатҳи зарурӣ барои ҳаёт масъалаҳои глобалие мебошанд, ки маҳз тавассути Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф шудаанд.
Зикр гардид, ки Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 таъсис ёфта, масъалаҳои вобаста ба пиряхҳоро аз назари илмӣ-бунёдӣ таҳқиқ ва дастовардҳои илмии кишварро дар самти омӯзиши криосфера муаррифӣ менамояд.

От admin