4-уми апрели соли 2025 таҳти раёсати Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис аъзои раёсат, кормандони дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, раисони ташкилотҳои соҳа иштирок намуданд.
Нахуст, ҳисоботи Зулҳия Нозакзода оид ба фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2025 шунида шуд.
Сипас, оид ба вазъи иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Иттифоқи касабаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва оид ба вазъи риояи моддаҳои 17, 19, 21, 22 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» дар ташкилотҳои ҳудудии Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе, гузориши Қурбонов М., мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ ва Расулов Б., мутахассиси пешбари шуъбаи робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ шунида шуда, оид ба масъалаҳои дар маҷлиси раёсат муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Пас аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қарорҳои пленум, раёсат, ташкил ва баргузории Рӯзи Умумиҷаҳонии муҳофизати меҳнат, Рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон, ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2025 дар назди аъзои раёсат, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ва раисони ташкилотҳои соҳа, вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

От admin