22 март дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ташкилотҳои соҳа,ҷашни Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд.
Дар ифтитоҳи чорабинии ҷашнӣ Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои зиёди миллии моро аз нав эҳё намуданд, ки дар миёни онҳо Наврӯз ҷойгоҳи хос дорад, ҳамасола тамоми сокинони кишвар, аз хурд то бузург, ба таҷлили Наврӯз бо руҳияи баланди идона омодагӣ мегиранд.
Зикр гардид, ки боиси ифтихор ва шодмонии бузург аст, ки ҷашни қадимаю суннатии мардуми тоҷик Наврӯз чанд сол ин ҷониб дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хосса қайд мегардад.
Таъкид гардид, ки Наврӯзи аҷдодиамон, ки ҷашни байналмилалӣ эълон гардидааст, ифтихор намоем, онро азизу гиромӣ дорем. Зеро ҷашни Наврӯз барои мо рамзи ваҳдати миллӣ ва дӯстиву муҳаббат буда, дирӯзу имрӯз ва фардои мо – мардуми ориёитаборро ба ҳам мепайвандад. Наврӯзи оламафрӯз бо қадамҳои некаш ба хонадони мардуми бонангу номус ва фарҳангдӯсту сулҳпарвари тоҷик саломативу хушҳолӣ ва фатҳу кушоишҳои нав меоварад.
Дар ҷашни Наврўз ташкилотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм хони наврўзии «ҳафт син»-у «ҳафт шин» ороста, хўрокҳои миллии наврўзиро муаррифӣ намуданд.
Дар чорабинӣ ҳунармандони дастаи ҳунарии «Наврўз»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон базми наврўзӣ ороста шуд.




















