5 март дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки кормандони дастгоҳ, раисони ташкилотҳои соҳа, собиқадорони иттифоқи касаба ва маориф ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Ҷамъомади идонаро Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, бо таъкид аз фаъолияти пурсамари занону бонувони Иттифоқи касабаи маориф ва илм ба онҳо Рӯзи Модарро, ки аз омадани зеботарин фасли табиат – баҳори нозанин башорати неку саодатмандӣ медиҳад, самимона таҳният гуфта, иброз доштанд, ки талоши модари тоҷик ба хотири рушди маънавиёти оила ва ҷомеа, ташкили оилаи солим, тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони солиму солеҳ, соҳибмаърифату соҳибкасб ва созандаву ободгар воқеан қобили ситоишу қадрдонист.
Зикр гардид, ки дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст
Таъкид гардид, ки мо фарзандон агар тамоми умр ба модари худ хизмат кунем, бо ранҷи шабзиндадорӣ ва заҳмати ӯ ба хотири тарбияву ба камол расонидани мо баробар шуда наметавонад.
Дар чорабинии идона Лола Одилбекова, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Санавбар Ғаниева, раиси Иттифоқи касабаи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломаносов дар шаҳри Душанбе, Садафмоҳ Сафарзода, раиси Иттифоқи касабаи дастгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромад иброз доштанд, ки соҳиби саводу маърифат ва илму дониш будани занону бонувон асоси оилаи солим ва омили муҳимтарини пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҳар чи қадар ки духтарон ва занону бонувон босаводу соҳибмаърифат бошанд, оилаҳо солиму мустаҳкам, фарзандон таълиму тарбиядида ва ҷомеа пешрафта мегардад.

Дар анҷоми чорабинӣ бонувон бо туҳфаҳои хотиравии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм қадрдонӣ гардиданд.

От admin