24 феврал таҳти раёсати Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси пленуми Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 25 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №13 иброз дошт, ки минбаъд дар ҳамаи маҷлисҳои корӣ оид ба мубориза ба зидди экстремизму терроризм ва ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, бахусус пўшидани сару либоси миллӣ намунаи ибрат будан, корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешавад.
Таъкид намуд, ки дастуру тавсияҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати содиқ будан ба ҳифзу манфиатҳои давлату ҷомеа, тарбияи ҷавонону наврасон дар рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ, эҳтироми анъана, расму оин ва ҳуввияти миллӣ, арзишҳои ваҳдати миллӣ, ғояҳои конститутсионии давлат ва пешгирӣ кардани ҳар гуна таблиғот ва қабули фарҳанги номатлуби бегона таҳти шиори «Ваҳдати миллӣ- мароми мост» мунтазам ба роҳбарӣ ва иҷроиш гирифта мешавад.
Сипас вазъи иҷрои буҷети Иттифоќи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва буҷети Иттифоќи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 тасдиқ карда шуд.
Дар кори маҷлис вазъи назорати ҷамъиятии риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳифзи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва касбии аъзои иттифоқи касаба дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Спитамен, Ҷалолиддини Балхӣ, вазъи ҳисобгирии омори аъзоёни Иттифоқи касаба дар ташкилотҳои соҳа, фаъолияти комиссияи назоратию тафтишотии ташкилотҳои маъмурию ҳудудӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар идомаи маҷлис лоиҳаи як қатор санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ), нақшаи чорабиниҳо баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар фароварди маҷлис вобаста ҷиҳати иҷрои қарорҳои пленум, раёсат, самарабахш гардонидани фаъолияти ташкилотҳои соҳа, омодагии ҳамаҷониба ба Рўзи Модар, Иди байналмилалии Наврўз ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба аъзоёни пленум, раисони ташкилотҳои соҳа дастуру тавсияҳо дода шуд.

От admin