Тибқи нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи семинари омўзишӣ барои барои раисони ташкилотҳои иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ, доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамоишро Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Зикр гардид, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар радифи дигар самтҳои асосии сиёсати дохилии кишвар, масъалаи рушди маориф ва баланд бардоштани тақвияти ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф дар меҳвари асосии паём сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид, дар қатори таҳлили ҳама соҳаҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан ба соҳаи маорифи ҷумҳурӣ эътибори ҷиддӣ дода шуд ва нишондиҳандаҳои соҳа дар замони Истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сарчашмаи боэътимод, махзани иттилоот ва маълумоти омории амиқу дақиқ ва дастуру супоришҳои ҳидояткунанда ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад.