24 декабри соли 2024 дар маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм таҳти раёсати Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси навбатии раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Файзизода И.Н., иҷрокунандаи вазифаи раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлиси раёсат, нахуст, натиҷаҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 баррасӣ шуданд.
Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илмро соли 2024 ҳамаҷониба таҳлил намуда, барои ислоҳи камбудиҳо дар назди аъзои раёсат вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Сипас Қурбонов М., муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти нозирони ташкилотҳои соҳа дар соли 2024, рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), Раҳимов Қ., сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузорӣ оид ба рафти иҷрои қарорҳои пленум, раёсат, нақшаи чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 гузориш доданд.
Баъди баррасии масъалаҳо, қарорҳои дахлдор қабул гардида, нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои нимсолаи якуми соли 2025 тасдиқ карда шуд.
Дар фароварди маҷлис раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзоёни раёсат, раисони ташкилотҳо супоришҳои мушаххас дода, барои фаъолияти самарабахш дар соли 2024 як қатор кормандони соҳа бо мукофотҳои соҳавии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

От admin