Рўзҳои 21-22 ноябри соли 2024 дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат вохурии минтақавии шарикон дар мавзўи «Нақши иттифоқҳои касаба дар баланд бардоштани маълумотнокӣ оид ба ҳуқуқи меҳнат ва истифодаи натиҷанокии меъёрҳои байналмилалии меҳнат дар Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Туркия, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Вазорати маориф ва маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонкормандони дастгоҳи марказӣ, раисони ташкилотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон баргузор гардид.
Вохўриии минтақавии шарикони рушдро Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, сипас Неъматзода Маликшо, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Ҷўразода Ҷамшед, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Нақши иттифоқҳои касаба дар баланд бардоштани маълумотнокӣ оид ба ҳуқуқи меҳнат ва истифодаи натиҷанокии меъёрҳои байналмилалии меҳнат дар Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
Зикр гардид, ки рушди соҳаи маориф ва илм, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, тақвияти ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва илм дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дорад. Қабули қонуни мазкур марҳалаи навинеро дар ҳаёту фаъолияти омӯзгорони Тоҷикистон ифтитоҳ хоҳад бахшид, марҳалае, ки ба бештар боло рафтани мақому мартабаи омӯзгорон ва эҳтирому арҷгузории онҳо мусоидат хоҳад кард.
Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон дар самти муносибатҳои меҳнатӣ давра ба давра санадҳое қабул карда шудаанд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, бевосита барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, меҳнати шоиста ва таъмини шароити бехатару мусоиди кории кормандони соҳаи маориф ва илм равона гардидаанд.
Ҳамчунин, саҳми Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар масъалаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва густариши шарикии иҷтимоӣ байни ҳукуматҳо, иттифоқҳои касаба ва корфармоён назаррас буда, санадҳои қабулкардаи он дар шакли конвенсия ва тавсияҳо ба танзими одилонаи муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд.
Танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва амалишавии кафолатҳои иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва илм дар доираи шарикии иҷтимоӣ байни Вазорати маориф ва илм ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм дар доираи созишномаи соҳавӣ ба роҳ монда шудааст.
Тибқи барнома вохурии минтақавии шарикони рушд, намояндаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Туркия, тайи ду рўз оид ба нақши иттифоқҳои касаба дар баланд бардоштани маълумотнокӣ оид ба ҳуқуқи меҳнат ва истифодаи натиҷанокии меъёрҳои байналмилалии меҳнат мубодилаи афкор намуда, таҷрибаи кори хешро муаррифӣ намуданд.
Дар анҷом иштирокдорони вохўрии минтақавии шарикони рушд мулоҳизаҳои худро доир ба баланд бардоштани маълумотнокӣ оид ба ҳуқуқи меҳнат, низоми назорати меҳнат, таъмин намудани бехатарии меҳнат, фароҳам овардани шароити хуби меҳнатӣ ва роҳҳои беҳтар намудани низоми меҳнатро бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ ва байналмилалӣ баён намуданд.

От admin