23 октябр бо иштироки кормандону собиқадорони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №119 шаҳри Душанбе чорабинии идона ба муносибати Рўзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинии идонаро Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, сипас Неъматзода Маликшо Маҳмадшо., раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандон, собиқадорони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илмро ба иди касбӣ- Рўзи иттифоқҳои касаба табрик намуданд.
Зикр гардид, ки 24 октябри соли 2019 дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом доданд.
Имсол дар саҳифаҳои дурахшони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз ин рӯйдоди муҳими таърихӣпанҷ сол сипарӣ мегардад.
Баъди баргузории ин мулоқоти таърихӣ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 23 декабри соли 2021, Рӯзи иттифоқҳои касаба таҷлил карда мешавад.
Таъкид гардид, ки рисолати Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар корманд мебошад.
Дар чорабинии мазкур, кормандони фаъоли Иттифоқи касаба бо мукофотҳои соҳавии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣгардиданд.
Ҳамчунин, ғолибони Озмунҳои «Парчамисайёри Иттифоқи касабаи кормандони маориф ваилми Љумҳурии Тољикистон», «Беҳтариншартномаи коллективӣ», «Беҳтарин шарикии иҷтимоӣ» ва беҳтарин маводи чопӣ ба муносибати«Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024» бо диплому мукофотҳои молиявӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисмати фарҳангӣ ҳунармандониМуассисаи давлатии «Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ»барномаи театрикунанидаро манзури иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд.
Аз ҷумла Ортиқи Қодир—Ҳунарпешаи шоистаиТоҷикистон ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонзикр намуд, ки дар овони донишҷўӣ ва дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи АбулқосимЛоҳутӣ як муддат ба ҳайси раиси Иттифоқи касаба фаъолият намуда, 95 сол пеш, соли 1929 тибқи қарори Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон дар Комиссарияти Халқии Маорифи ҷумҳурӣ яке аз театрҳои аввалини давлатӣ – Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣтаъсис ёфта буд.

От admin