22 октябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм таҳти раёсати Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст «Оид ба фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2024» ҳисоботи раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
Сипас дар кори маҷлис масъалаҳо оид ба вазъи иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳрҳои Исфара, Гулистон, Кўлоб, Левакант, ноҳияи Мастчоҳ, Восеъ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» дар муассисаҳои таълимї, вазъи риояи моддаҳои 17, 19, 21, 22 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» дар Иттифоқи касабаи кормандони шаҳрҳои Ваҳдат, Конибодом, ноҳияҳои Айнӣ, Ёвон, вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар ташкилотҳои ҳудудии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоятҳои Суғд, ҷамъбасти ташкили истироҳати тобистонаи наврасон ва кӯдакон дар соли 2024, натиҷаи Озмунҳои «Парчами сайёри Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Беҳтарин шартномаи коллективӣ», «Беҳтарин шарикии иҷтимоӣ» ва беҳтарин маводи чопӣ ба муносибати «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 муҳокима гардид. Аъзои раёсат баъди муҳокима ва баррасии масъалаҳои зикргардида, қарорҳои дахлдорро қабул намуданд.
Дар охири кори маҷлис раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини иҷрои қарорҳои Анҷуман, пленум, раёсат ва амалӣ кардани дигар дастурҳои мақомоти болоии Иттифоқи касаба ба раисони ташкилотҳои соҳа супоришҳои мушаххас доданд.