Бо мақсади муайян намудани сатҳи фаъолияти самарабахш, баланд бардоштани мақом ва нуфузи иттифоқи касаба, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзоён, низоми коргузорӣ, ташкили чорабиниҳои маданию маърифатӣ, нишондоди беҳтарин, баҳогузории фаъолияти ташкилотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм барои муайян намудани ғолиби Озмуни «Парчами сайёри Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Рўзи 21 октябр Кумитаи тадорукоти озмун фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Кўлоб ва Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанберо аз рўи шартҳои амалигардидани бандҳои созишномаи минтақавӣ ва шартномаи коллективӣ, -вазъи расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба аъзои Иттифоқи касаба, аз ҷумла ҳимояи манфиатҳои мехнатии аъзо дар мақомоти суд ва дигар мақомоти дахлдор, сатҳи баргузории чорабиниҳо, ташкили семинарҳои омузишӣ, вазъи назорати ҷамъиятӣ оид ба бехатарии ҳифзи меҳнат, -роҳандозии чорабиниҳои солимгардонӣ, ҳалли мушкилоти аъзои Иттифоқи касаба (пардохти сафархарҷиҳо, ҷудо гардидани маблағ барои муоинаи тиббии кормандон), вазъи шомилгардонии муассисаҳои хусусии соҳаи маориф ба сохтори Иттифоқи касаба, низоми коргузорӣ дар баррасии муроҷиати шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ, сатҳи ба роҳ мондани шарикии иҷтимоӣ бо корфармо ва дигар шартҳои озмун, баҳогузорӣ намуд.
Кумитаи тадорукоти Озмун рўзи 10 октябри соли равон фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Исфараро низ баҳогузор намуд.
Довталабони асосии озмун Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳрҳои Исфара, Кўлоб ва ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буда, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолиби Озмуни «Парчами сайёри Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тодикистон» дар Рӯзи Иттифокхои касабаи Тоҷикистон, ки 23 октябри соли равон баргузор мегардад ба таври тантанавӣ сурат мегирад.