Баргузории мизи мудаввар ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Иттифоқи кормандони маориф ва илм
Имрўз дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва кумитаҳои ҳамузви он, раисони ташкилотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва Пешвои миллат» мизи мудаввар баргузор гардид.
Мизи мудавварро Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, сипас Неъматзода М., раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Салимзода Шерхон Одина, ходими намоёни давлатӣ, собиқ раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Шоҳиён А., раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба «Истиқлолияти Тоҷикистон ва Пешвои миллат», Маҳмадизода Нозим Давлатмурод, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлоли миллӣ» суханронӣ ва маърўза намуданд.
Зикр гардид, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.
Таъкид гардид, ки ин рӯзи босаодат, яъне ҷашни сисолагии истиқлолу озодӣ ва бузургтарин дастоварди ин давра – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ба осонӣ муяссар нашудааст
Мо шукрона мекунем, ки мардуми шарифи тоҷик солҳои дароз, яъне аз оғози истиқлол то имрӯз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самимона пуштибонӣ карда, дар таҳкими истиқлоли миллӣ, пешрафт ва шукуфоии Тоҷикисони азизамон содиқона саҳми хешро гузошта истодаанд.
Мо бояд сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон – истиқлолу озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.