Имрўз дар толори маҷлисгоҳгоҳи шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор бо иштироки Муҳаммад Қурбонов, муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати августӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ва директорони муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор баргузор гардид.
Дар машварат бо раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ва директорони муассисаҳои таълимӣ оид ба тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, тақсимоти сарбории таълимӣ, муҳлат ва бастани шартномаи меҳнатӣ ва барасмиятдарории он, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, таъмини интизоми меҳнат, ҳавасмандгардонӣ барои меҳнат, назорати татбиќи созишнома ва шартномаи коллективӣ, назорати ҷамъиятӣ оид ба риояи ќонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, давомнокии ваќти корӣ, рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда барои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, мазмуни баҳсҳои меҳнатии фардӣ, таъсиси комиссияи созиш ва ташкили кори он ва дигар масъалаҳои риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттифоқҳои касаба, меҳнат ва маориф тавсияҳои корӣ дода шуд.