Рўзҳои 24-25 августи соли 2024 дар истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, дар партави «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» барои раисони ташкилотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омўзишӣ баргузор гардид..
Зикр гардид, ки яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар меҳвари паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон мебошанд ва соли 2024 тибқи пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид.
Таъкид гардид, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад, ки амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсяи имкон дод пояҳои устувори ҷомеа ва давлат созмон ёбанд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшида шаванд, рушди устувори иқтисодӣ таъмин гардад, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё сохта шавад.
Дар семинари омўзишӣ Шерзод Дўстмурод, муовини сардори раёсати раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, тақсимоти сарбории таълимӣ, тарзи таҳияи тарификатсия ба раисони Иттифоқи касаба дастурҳои тавсиявӣ дод.
Раисони Иттифоқи касаба ба таври назариявию амалӣ донишҳои ҳуқуқии оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттифоқҳои касаба, меҳнат ва маориф такмил доданд.