Дар Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд байни кўдакон ва наврасон ҷамъбаст гардид.
Зикр гардид, ки мусобиқаи мазкур дар доираи амалӣ намудани Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 – 2026 ва 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадаф аз рушду инкишоф ва таъмини оммавияти варзиш ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар, инчунин ташаккули шахсияти солим, ҳифзу беҳдошти саломатии наврасону кўдакони пойтахт мебошад.
Таъкид гардид, ки ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон бо пешниҳоди президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 майи соли 2024 зимни ҷаласаи 80-уми пленарии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ мавриди пазириш қарор гирифта, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии футбол» қабул гардид, ки дар шинохту рушди ҷомеаи солиму созанда ва дипломатияи варзишӣ муждаи нек мебошад ва футбол, дар ҳаёти инсоният аз ҷумлаи беҳтарин роҳи солимгардонӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим ба шумор меравад.
Дар ҷамъбасти мусобиқа Неъматзода Маликшо-раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Зулҳия Нозакзода- раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сомон Маҳмадбеков- қаҳрамони Бозиҳои олимпии Париж-2024, Бахтовар Меликов- директори лигаи футзали Тоҷикистон, Ҷумахон Сироҷов- директори Маҷмааи варзишӣ ғолибони мусобиқаи мазкур, дастаҳои «Иттифоқ», «Спартак», «РШВСМ-3», дарвазабони беҳтарин, ҳуҷумкунандаи беҳтарини дастаҳоро бо мукофоту туҳфаҳои хотиравии Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз намуданд.