Дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, бо раисони ташкилотҳои иттифоқи касаба, ассосиатсияи волидон ва омўзгорон, роҳбарони синфҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи лоиҳаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат семинари омўзишӣ оид ба барҳам додани меҳнати вазнини кўдак баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи семинар Қурбонов М., муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони малориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки саҳми Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар масъалаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва густариши шарикии иҷтимоӣ байни иттифоқҳои касаба ва корфармоён, аз ҷумла оид ба меҳнати вазнини кўдак назаррас буда, санадҳои қабулкардаи он дар шакли конвенсия ва тавсияҳо ба танзими одилонаи муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд. Аз ҷониби Тоҷикистон конвенсия ва тавсияҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат пазируфта шудааст.
Дар семинари омўзишии мазкур, масъалаҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар самти барҳам додани меҳнати вазнини кўдак, шаклҳои вазнини меҳнати кўдак, омилҳои барҳам додани он, нақши Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи маориф дар раванди барҳамдиҳии шаклҳои вазнини меҳнати кўдак, ҳамкориии ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, ассосиатсияи волидон ва омўзгорон, роҳбари синфҳо дар раванди пешгирӣ аз ҷалби кўдакон ба меҳнати вазнин, нақши омўзгор, ассосиатсияи волидону омўзгорон, роҳбари синф муайян карда шуд. Оид ба масъалаҳои меҳнати вазнини кўдак чорабиниҳои муштарак таҳия шуда, ба таври назарияву амалӣ истифода намудани он кори гурўҳӣ ташкил карда шуд.
Дар анҷоми семинари омўзишӣ ба иштирокчиёни семинар ҷиҳати пешгирӣ аз ҷалби кўдакон ба меҳнати вазнин тавсияҳои ҳуқуқї ва методї дода шуд.

От admin