Имрўз дар Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи варзишгарон мусобиқаи футболи хурд байни наврасон оғоз гардид.
Маликшо Неъматзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақилили Тоҷикистон дар ифтитоҳои чорабинӣ зикр намуд, ки бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооту толорҳои барҳавои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бунёду навсозӣ гардида, ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш заминаи мусоид фароҳам омадааст.
Имрӯз варзишгарон дорои эҳсоси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ буда, дар миқёси байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, дар соҳаи варзиш ба комёбиҳои намоён ноил шуда истодаанд.
Таъкид гардид, ки футбол як намуди варзиши сермухлистарин дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, ҳаводорони зиёди худро дорад. Бо саҳми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби ҷаҳониён пазируфта шуда, хусусияти байналмилалӣ гирифт ва соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст.