Дар истироҳатгоҳи "Файзи истиқлол"-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон истироҳати тобистонаи наврасон ва кӯдакон дар мавсими тобистони соли 2024 анҷом ёфт.
Таъкид гардид, ки иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия намудани кӯдакон равона гардидааст.
Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти кўдакони кишвар сол аз сол беҳтару рангинтар гардида, ҳамасола таваҷҷуҳи наврасону кўдакон ба истироҳатгоҳҳо аз ҷумла, истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» бештар мегардад.
Зикр гардид, ки Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2024, №99 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2024» ва нақшаи чорабиниҳои Ситоди «Тобистон-2024» доир ба ташкил ва баргузории истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2024, ки дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон амал менамояд, барои истироҳати наврасону кўдакон тамоми шароити лозимаро фароҳам оварда дар маҷмуъ дар мавсими тобистони соли равон 1215 нафар кӯдакону наврасон аз ҷумлаи ятиму бепарастор, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, кўдакон аз оилаҳои камбизоат, кўдакони болаёқат ва кўдакони кормандони соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар истироҳатгоҳ ба истироҳат фарогир гардиданд.
Дар давраи истироҳати кўдакон ва наврасон, кормандони истироҳатгоҳ ба масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасон, бемориҳои сироятӣ, бехатарӣ аз сўхтор ва тарбияи ватандўстӣ, интизом ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ вохўрию суҳбатҳо ташкил намуда, ҳамчунин, бо ташаббус ва худфаъолиятии кӯдакон чорабиниҳои фарњангӣ-оммавӣ, варзишӣ, маҳфилҳо тибќи шавќу завқи хонандагон ва шароити дар истироҳатгоҳ мавҷуд буда ташкил карда шуданд.
Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавии кўдак, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни кўдак дар истироҳатгоҳ озмуни «Аниси кунҷи танҳои китоб аст» бо мақсади бедор намудани ҳисси ватандўстӣ ва завқи эстетикии наврасон ва кўдакон ва озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ташкил ва баргузор карда шуд.
Наврасон ва кӯдакон дар анҷом барномаи фарҳангии омоданамудаашонро таҳти унвони «Хайр истироҳатгоҳ!» пешкаши ҳамсолони хеш гардонида, кормандони истироҳатгоҳ, ғолибони озмунҳо, фаъолони чораьиниҳои фарҳангию варзишӣ бо мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.