16-уми июл, дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, бо иштироки Абдураҳим Шоҳиён раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, тибқи Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 15-уми майи соли 2024 таҳти №2, маҷлиси ҳисоботиӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии «Иттифоқ» баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии «Иттифоқ» оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд.
Сипас дар қатори дигар масъалаҳои рўзномаи маҷлис раис, муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ «Иттифоқ» ва вакилон ба Конференсияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ пешбарӣ ва интихоб карда шуданд.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ташкилоти ибтидоии «Иттифоқ» бо мақсади баланд бардоштани маънавиёти аъзои ҳизб, боло бурдани ҳисси худшиносию худогоҳии кормандон, дар рўҳияи ватандориву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, талқиниғѓояҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аъзои ҳизб ва дар ин замина иҷрои барномаҳои давлатию соҳавӣ, қарору қонунҳо ва дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилу баргузории чорабиниҳои гуногунро роҳандозӣ намудааст.
Таъкид гардид, ки аъзои ташкилоти ибтидоии «Иттифоқ» дар оянда низ фаъолияти худро тибқи талаботи Оиннома, Барнома, низомномаҳо ва дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб ба роҳ монда, ҷиҳати роҳандозӣ намудани сиёсати созандаи ҳизб кӯшиш ба харҷ дода, дар соли таҷлили ҷашни бузургу таърихӣ 30-солагтии таъсисёбии ҲХДТ ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеъ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода менамояд.