Санаи 13 июли соли 2024, дар деҳаи Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминобод Раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи ташкилот баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Зулҳия Нозакзода-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исроил Шарипов-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, аъзоёни раёсат, раисони ташкилотҳои шаҳрӣ, ноҳиявии Иттифоқи касаба ва дигар меҳмонон ҳузур доштанд. Нахуст, вобаста ба фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2024 ҳисоботи И.Шарипов шунида шуд.
Сипас, масъалаҳои вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар ташкилотҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии Иттифоқи касаба, санҷиши иҷрои талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шӯъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии шаҳри Левакант ва ноҳияи Балҷувон, вазъи пардохти сафархарҷиҳои кормандони соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, вазъи баргузории раёсату пленумҳо дар ташкилотҳои шаҳрӣ, ноҳиявии Иттифоқи касаба, тасдиқи нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Пас аз ҷамъбасти масъалаҳои Раёсат, ҳамзамон вобаста ба кооптатсияи аъзоёни Пленум ва Раёсат Пленуми Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон бо баррасӣ намудани 2 масъалаи ҷорӣ баргузор гардид.
Дар охир, З.Нозакзода, вобаста ба вусъати корҳои ободонӣ ба хотири истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва И.Шарипов вобаста ба назорати ҷамъиятии пардохти саривақтии рухсатиҳои кормандони соҳаи маориф, шафоффияти тақсимоти роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои тобистонаи кӯдакона, баррасии муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ва дигар масъалаҳо тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.