11 июл дар маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар кори маҷлис нахуст оид ба фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024, ҳисоботи Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
Сипас масъалаҳои вазъи пардохти сафархарҷиҳо, рухсатиҳои меҳнатии кормандони соҳаи маориф, иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Норак, ноҳияҳои Ховалинг, Ҷайҳун, Рӯдакӣ, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ВМКБ ва Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе, фаъолияити нозирони ташкилотҳои маъмурию ҳудудӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 ва лоиҳаияк қатор қарорҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифта, нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2024 тасдиқ карда шуд.
Дар охири кори маҷлис раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сардорону мудирони шуъбаҳои дастгоҳ, аъзоёни раёсат, раисони ташкилотҳои соҳа вобаста ба таъмини амалисозии дастурҳои зимни мулоқот бо фаъолони кишвар ва ходимон дин ва аҳли илм ва маориф додашудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вусъати корҳои ободонӣ ба хотири истиқболи сазовори 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати ҷамъиятии пардохти саривақтии рухсатиҳои кормандони соҳаи маориф ва илм, тақсимоти дурусти сарбориҳои таълимӣ, шафоффияти тақсимоти роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои тобистонаи кўдакона, баррасии муроҷиатҳои кормандони соҳаро дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», таъмини иҷрои қарорҳои пленум, раёсат, дар сатҳи баланд ташкил ва баргузории озмунҳо, ва чорабиниҳо ба муносибати Рўзи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, дастуру супоришҳо доданд.

От admin