Дар истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол»и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон басти дуюми истироҳати наврасон ва кӯдакон оғоз гардид.
Наврасон ва кӯдакон дар ифтитоҳи басти якум барномаи рангини таҳиякардаи худро пешкаши ҳамсолонаш гардониданд.
Зикр гардид, таваҷҷуҳи зиёд ва доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбия ва таълими кӯдакону наврасон сабаб гардид, ки дар тамоми гӯшаву канори кишвар наврасону кӯдакон дар таътили тобистона ба истироҳату фароғат фаро гирифта шаванд.
Таъкид гардид, ки фарогирии доираи васеи наврасон ва кӯдакон ба истироҳат дар давраи таътили тобистона имкон фароҳам овард, ки насли наврас дар руҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ба камол расад.
Дар истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» барои истироҳату фароғати наврасон ва кӯдакон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, аз ҷумла барои бозӣ ва дилхушии дӯстрӯякон таҷҳизоти наву замонавӣ насб гардидаанд, ки самаранок истифода бурда мешаванд.
Омӯзгорону мураббиёни истироҳатгоҳ бо истифода аз чунин шароит наврасон ва кӯдаконро дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳм гузоштан дар ободии кишвар тарбия менамоянд.

От admin