26 июн Зулҳия Нозакзода- раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои ситоди «Тобистон-2024»-Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ҷиҳати рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2024 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2024» ба вазъи истироҳати наврасон ва кўдакон дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон шинос гардиданд.
Нахуст, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Абдулназарзода Абдулназар- муовини раиси ВМКБ, Сафарзода Лашкар Аслам- раиси ноҳияи Роштқалъа бо вазъи истироҳатгоҳи «Шабдиз»-и ноҳияи Роштқалъа шинос гардиданд.
Зикр гардид, ки иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия намудани кӯдакон равона гардидааст.
Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти кўдакони кишвар сол аз сол беҳтару рангинтар гардида, ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили истироҳати кўдакон ва наврасон қарори дахлдор ба тавсиб мерасад.
Ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон, баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокӣ, инкишофи зеҳнӣ, тансиҳатии онҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки давлати мо барои ояндаи дурахшони худ пойдевори мустаҳкам гузошта истодааст.
Ҳамчунин, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазъи истироҳати наврасону кўдакон дар истироҳатгоҳи «Саодат»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон шинос гардид.
Таъкид шуд, ки барои фарогирии кўдакону наврасон аз ҷумлаи ятиму бепарастор, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, кўдакон аз оилаҳои камбизоат, кўдакони болаёқат дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ диққати махсус равона гардида, масъулони истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ оид ба масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасон, бемориҳои сироятӣ, бехатарӣ аз сўхтор ва тарбияи ватандўстӣ, интизом ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, мунтазам вохўрию суҳбатҳо ташкил намоянд.