Дар тороли маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев таҳти раёсати Зулҳия Нозакзода-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ бо раисон ва фаъолони ташкилотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон баргузор гардид.
Дар машварати корӣ, нахуст раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон ва фаъолони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоятро ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳар сол дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил таҷлил мегардад, барои шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳим ва таърихӣ ба шумор меравад, табрик намуд.
Зикр гардид, ки маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад..
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт.