21 июни соли 2024 басти аввали истироҳати наврасону кўдакон дар истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар ифтитоҳи басти аввали истироҳатгоҳ Маликшо Неъматзода-раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Зулҳия Нозакзода- раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд.
Зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро гулҳои зиндагӣ маънидод намуда, баҳри парвариши ин навниҳолакони табиати инсонӣ ва қишри фардосози ҷомеъа таваҷҷуҳи рӯзафзун медиҳанд.
Ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон, баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокӣ, инкишофи зеҳнӣ, тансиҳатии онҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки давлати мо барои ояндаи дурахшони худ пойдевори мустаҳкам гузошта истодааст.
Таъкид шуд, ки дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, наврасону кўдаконро зарур аст, ки илм омӯзанд, донишҳои замони муосирро аз худ карда, дар оянда ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу давлат хизмати шоиста намоянд.
Ба мураббиёни истироҳатгоҳ дастур дода шуд, ки наврасону кўдаконроро дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба илму маърифат, худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия намоянд, то ки онҳо ворисони ҳақиқии ин давлату миллат буданашонро ботинан эҳсос намоянд.
Дар истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» тамоми шароит барои кӯдакон ва наврасон муҳайё карда шуда, ҳамарӯза барномаҳои рангини фарҳангӣ, варзишӣ, чорабиниҳои мухталиф баргузор карда мешавад.
Истироҳатгоҳ дорои ҳавзи шиноварӣ, амфитеатр, майдончаҳои варзишӣ ва макони афсонавӣ буда ҳамарӯза аз ҷониби мураббиён барои хубу хотирамон баргузор гардидани истироҳат чорабиниҳои мухталиф ташкил карда мешавад.