Дар доираи нақшаи кори Ситоди «Тобистон-2024» доир ба баргузории истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024 имрўз кормандони дастгоҳ ва Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Файзи истиқлол» корҳои ободонӣ ва омодагиро ба роҳ монданд.
Таъкид гардид, ки иқдоми пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия намудани кӯдакон равона гардидааст.
Зикр гардид, ки баҳри ташкили самараноки солимгардонии кӯдакон ва наврасон дар истироҳатгоҳ дар давраи истироҳати кӯдакон ва наврасон ба масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасон, бемориҳои сироятӣ, бехатарӣ аз сӯхтор ва тарбияи ватандӯстӣ, интизом ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ вохӯрию суҳбатҳо ташкил карда мешавад.
Барои фарогирии кӯдакону наврасон, аз ҷумла ятимону бепарасторон, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, оилаҳои камбизоат, хонандагони болаёқат дар истироҳатгоҳ шароити мусоиду беҳтар фароҳам оварда мешавад.