Дар толори варзишии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рўзи ҷавонон – 23 май, Спартакиадаи варзишӣ аз рўйи намуди волейбол (байни писарон), тениси рўйи миз ва шоҳмот (байни духтарон) байни донишҷўёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Даври ҷумҳуриявии Спартакиадаи варзиширо Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, сипас Исмоил Файзизода, муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Самиаллоҳ Шерализода, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақши ҷавонон дар таҳкими истиқлоли миллӣ суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.
Таъкид гардид, ки баргузории даври ҷумҳуриявии Спартакиадаи варзишӣ ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо шукўҳу шаҳомат дар кишвари азизамон таҷлил гардида истодааст, рост омад.
7 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст.
Қабул гардидани пешниҳоди Тоҷикистон бори дигар далели он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши боризи Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешбарандаи усулҳои тарзи ҳаёти солим ва вусъатдиҳандаи ҳамкории байналмилалии варзишӣ барои оммавӣ гардонидани он дар арсаи байналмилалӣ муҳим ва зарур мешуморад.
Сипас дар даври ҷумҳуриявии Спартакиадаи варзишӣ, ғолибони даври минтақавӣ: дастаҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз рўйи намуди волейбол, дастаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд оид ба тениси руйи миз ва шоҳмот байни якдигар қувваозмоӣ намуданд.
Дастаи волейболбозони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, тенисбозони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва шоҳмотбозони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ғолиби даври ҷумҳуриявии Спартакиадаи варзишӣ байни муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ гардиданд.
Ғолибон ва иштирокчиёни Спартакиадаи варзиширо раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тўҳфаҳои хотиравӣ ва молиявии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ намуданд.