Баргузори чорабинии варзишӣ дар Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм
Дар Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бо иштироки кормандон, футболбозони наврасии «Мактаби варзишии ҷавонон ва наврасони иттифоқи касаба» чорабинии варзишӣ баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ зикр гардид, ки рушди футбол яке аз намудҳои афзалиятноки варзиш ба ҳисоб рафта, ҷиҳати амалигардонии сиёсати давлатии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, маҳз ба хотири таъмини оммавияти он, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштироки онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ амалӣ мегардад.
Таъкид гардид, ки 7 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст.
Қабул гардидани пешниҳоди Тоҷикистон чун рушди дипломатияи варзишӣ бори дигар далели он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши боризи Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешбарандаи усулҳои тарзи ҳаёти солим ва вусъатдиҳандаи ҳамкории байналмилалии варзишӣ барои оммавӣ гардонидани он дар арсаи байналмилалӣ муҳим ва зарур мешуморад.
Дар анҷоми чорабинӣ ба футболзони наврас ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.