Дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои раисони Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Роғун, ноҳияҳои Файзобод, Варзоб, Рўдакӣ ва Шаҳринав, семинари омўзишӣ дар мавзўи «Коргузорӣ дар дар ташкилотҳои Иттифоқи касаба» баргузор гардид.
Семинари омўзиширо Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории семинари омўзишӣ ба роҳ мондани корҳои ташкилию методӣ, такмили малака, бозомузӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии раисони ташкилотҳои Иттифоқи касаба мебошад.
Дар семинари омўзишии сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ оид ба масъалаҳои коргузорӣ, ҳисобгирии молиявӣ дар Иттифоқи касаба ва назорати ҷамъиятии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи раисони Иттифоқи касаба, корҳои тавсиявӣ ва дастурдиҳиро ба роҳ монданд.